Даргузашти ҳунарманди мардумии СССР Василий Лановой

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкНародный артист СССР Василий Лановой
Народный артист СССР Василий Лановой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди шинохтаи синамо Василий Лановой аз бемории коронавирус ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Ҳунарпешаи шинохтаи шӯравӣ, устоди каломи бадеъ, Қаҳрамони Меҳнати Русия, Ҳунарманди халқии СССР Василий Лановой вафот карда.

Лановой шоми 28 январ дар синни  87-солагӣ даргузашт.

"Василий Семенович вафот кард",- гуфт ҳамсари ӯ Ирина Купченко.

Тибқи иттилои расмӣ, Лановой бар асари мушкилоте, ки дар натиҷаи навъи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, фавтидааст.

Прощание с Б. Грачевским - Sputnik Тоҷикистон
Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд

Рӯзи 2 январ Лановой ва ҳамсараш гирифтори коронавирус шуданд. Сарфи назар аз он, ки беморӣ бе нишонаҳои шадид ҷараён дошт, ҳунарманд дар беморхона бистарӣ шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 28 январ, Лановой ба сабаби шадидан бад шудани вазъи саломатӣ ба шуъбаи эҳё интиқол дода шуд. Худи ҳамон рӯз, ҳунарманд фавтид.

Ҳунарманди шинохта 16 январ ба синни 87-сола расида буд.

Ҳолномаи Василий Лановой

Василий Лановой 16 январи соли 1934 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Ӯ писари деҳқонони украинӣ аз деҳаи Стримбаи вилояти Одесса буд, ки дар охири солҳои 1931-1932 ба пойтахт кӯч баст.

Лановой соли 1953 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуд ва дар он ҷо ҳамагӣ шаш моҳ таҳсил кард. Баъд ӯ ба мактаби театрии ба номи Борис Шукшин гузашта, онро соли 1957 хатм кард.

Американский телеведущий Ларри Кинг  - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти рӯзноманигори маъруф Ларри Кинг аз коронавирус

Номбурда ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ дар нахустин филми худ "Шаҳодатномаи камолот" нақш офарида, соли 1956 нақши асосиро дар филми "Павел Корчагин" бозидааст.

Дар соли 1957, Лановой актёри Театри давлатии академии ба номи Е. Вахтангов шуд. Ҳамзамон ӯ дар филмҳои зиёде нақш офаридааст: "Паррандаҳои арғувонӣ", "Ҷанг ва сулҳ", "Офитсерон", "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор", "Анна ва Командир", "Рӯзҳои турбинҳо" ва ғайра.

Соли 1979 Василий Лановой аз забони ӯ силсилаи мустанади Ҷанги Бузурги Ватаниро садо дод. Асари ӯ ба ҷоизаи мӯътабартарин дар он замон - Мукофоти Ленинӣ сазовор дониста шуд.

Лановой устоди шинохтаи тасвири бадеӣ буд. Барномаҳои эҷодии ӯ аз ашъори Александр Блок, Анна Ахматова, Владимир Маяковский, Олга Бергголтс, Александр Пушкин ва дигарон иборат буданд.

Соли 1983 Лановой китоби "Вохӯриҳои муборак 2" ва соли 2004 китоби "Рӯзҳо пас аз рӯзҳо парвоз мекунанд" -ро навиштанд.

Аз соли 1985 дар кафедраи нутқи саҳнаӣ дар Институти театрии ба номи Б. Шукшина дарс медод. Вай профессор ва мудири ин кафедра буд.

Лентаи хабарҳо
0