Захарова: Ғарб барои ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид ҳамеша баҳона пайдо мекунад

85
(Таҷдидшуда 17:33 03.02.2021)
Вазорати умури хориҷаи Русия ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия роҷеъ ба қазияи Алексей Навалнийро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия зимни шарҳи эҳтимоли ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид аз ҷониби Ғарб бар зидди Русия дар робита бо қазияи Алексей Навалний гуфт, ки ба ин кишварҳо барои анҷом додани ингуна иқдом сабаб лозим нест.

"Бидуни шубҳа, онҳо ба ҷузъиёти масъала чандон алоқамандӣ надоранд.  Ба онҳо ягон сабабе лозим аст. Агар сабабе бошад, онҳо онро аз як кунҷи торик ҳам берун меоранд, агар набошад ҳам – онҳо онро эҷод мекунанд ё месозанд. Ин як тактикаест, ки соли 2020, 2016, 2011 ба кор гирифта шуда буд. Ин сиёсати боздорӣ чандин сол аст, ки амалӣ мешавад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки барои роҳандозии ин сиёсат баҳонаҳои гуногун истифода мешаванд. Барои онҳо ҳақиқат муҳим нест ва онҳо ба ҷузъиёти масъала фурӯ намераванд”, - гуфт дипломат дар барномаи "Соловьев LIVE".

Ахиран Додгоҳи Симоновскийи шаҳри Маскав дар бораи бекор кардани ҳукми шартии Навалний роҷеъ ба парвандаи “Ив Роше” қарор қабул кард. Додгоҳ  ҳукми шартиро иваз карда, ӯро барои 3,5 сол равонаи зиндон кард. Пас аз ҳукми додгоҳ бархе аз кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониё, ба мақомоти Русия муроҷиат карданд, ки Алексей Навалнийро озод намоянд.

Вазорати умури хориҷаи Русия қаблан ба сиёсатмадорони хориҷӣ, ки вазъияти Навалнийро шарҳ медоданд, тавсия дода буд, ба қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром гузоранд ва ба мушкилоти дохилии  кишварҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров қайд кард, ки изҳороти сиёсатмадорони ғарбӣ дар ин мавзӯъ ҳаммонанданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков таъкид доштааст, ки Кохи Кремлин ният надорад, ба изҳороти кишварҳои хориҷӣ дар робита ба қазияи Навалний аҳамият диҳад.

Додгоҳҳо аллакай бори севум аст, ки дархости Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар бораи иваз намудани ҳукми шартии Навалний бо ҳукми воқеиро баррасӣ доранд. Ҳар дафъа додгоҳ ин дархостро рад мекарду, танҳо муҳлати санҷиширо тамдид мекард. Аммо танҳо дар се соли охир, бино ба иттилои Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, Навалний тақрибан 60 маротиба қонуншиканӣ кардааст ва худро дар мақомоти дахлдор сари вақт ба қайд нагирифтааст (ӯ вазифадор аст худро дар як моҳ ду маротиба ба қайд гирад). Ӯ барои ин амалаш чандин маротиба ҷазоҳои маъмурӣ гирифта буд. Ин нақзи қонун муҷиби бекор кардани имтиёз барои адои ҷазои шартии ӯ шудааст.

Ин як тартиби маъмулӣ дар Русия аст ва ба таври фаъол истифода мешавад - танҳо соли гузашта ҳукми шартии 11,3 ҳазор нафар ба ҳукми воқеӣ иваз карда шуд. Дар соли 2019 ин раванд боз ҳам бештар буд – ивази ҳукми шартӣ ба зиёда аз 15 ҳазор нафар рост омада буд.

Иддао дар бораи онки гӯиё оқои Навалний танҳо барои фаъолияти сиёсиаш маврид таъқиб қарор гирифтааст ҳатто аз ҷониби Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар низ рад шудааст: Страсбург дар парвандаи “Ив Роше” тобишҳои сиёсӣ надид, гарчанде барои ҳабси хонагӣ ҷубронпулӣ таъйин карду, онро мақомоти Русия пурра пардохт кард.

85
Барчаспҳо:
Мария Захарова, таҳримҳо, Ғарб, Русия

Ҷабборов кишвардори Русияро ба Қирғизистон хонд

251
(Таҷдидшуда 19:27 24.02.2021)
Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар аввалин сафари расмии хориҷии худ озими Русия шуд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар раъчи як ҳайати ҳукуматӣ озими Федератсияи Русия шуд.

Дар ин сафар, Ҷабборов бо Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, чашмандози тавсеаи бештари равобит ва эҷоди таомули муассир байни ду кишвар гуфтугӯ намуд.

Гуфта мешавад, Ҷабборов ҳамтои худ Владимир Путинро ба Қирғизистон даъват намудааст.

Илова бар ин, дуҷонибаи кишвардори Қирғизистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федерастсияи Русия ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ низ хоҳад дошт.

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

Интизор меравад, ҷаласае бо ҷомеаи бозаргонии Русия ва ҳамчунин бо ҳамватанону донишҷӯёни қирғизистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, низ дошта бошад.

251
Барчаспҳо:
Содир Ҷабборов, Владимир Путин, Русия, Қирғизистон

Русия барои муайянкунии короновируси нав тест сохт

98
(Таҷдидшуда 13:03 24.02.2021)
Исботи онро, ки намуди нав бештар марговар ва ё боиси бемориҳои вазнин мешавад, олимон наёфтанд. Аммо ба ҳар ҳол чанд кишвар, аз ҷумла Русия бо шоҳигарӣ роҳҳои ҳавоиро бастанд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Пажӯҳишгоҳи марказии илмиву тадқиқотии Роспотребнадзори Русия барои муайян кардани намуди бритонии коронавирус нахустин шуда тест ба қайд гирифт. Дар ин бора сомонаи Роспотребнадзор хабар медиҳад.

Таъйид мешавад, ки тадқиқоти клиникии тести мазкур нишондоди балани дақиқи онро исбот кард.

"Ҳамчунин ин технологияи нав имконият медиҳад, ки ҳама гуна намудҳои мутатсияшудаи коронавирус ва дигар бемориҳои ҳамагирро, ки ташхиси сартосариро талаб мекунанд, муайян карда шаванд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Мобайнҳои декабри соли 2020 маълум шуд, ки дар Британияи Кабир намуди нави коронавируси мутатсияшудаи SARS-CoV-2. ба қайд гирифта шуд.  

Дертар мақомоти Бритониё эълон карданд, ки вируси нав хело зуд паҳн мешавад ва аз аҳолӣ каратини ҷиддиро талаб мекунад.

Навъи нави коронавируси "бритонӣ" дар Русия низ ёфт шуд

Исботи он ки намуди нав бештар марговар ва ё боиси бемориҳои вазнин мешавад, олимон наёфтанд. Аммо ба ҳар ҳол чанд кишвар, аз ҷумла Русия бо шоҳигарӣ роҳҳои ҳавоиро бастанд.

Роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова изҳор дошт, ки ваксинаи Русия зидди ин намуди коронавирус ҳам саранок хоҳад буд.

98
Барчаспҳо:
вируси корона, тест, Русия

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

7
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

7