Оё ваксинаи "Спутник V" ҳалол аст? муфтиёти Русия санҷиду посух дод

365
(Таҷдидшуда 14:45 04.02.2021)
Дар Идораи диннии мусалмонони Русия гуфтанд, оё таркиби ваксинаи "Спутник V" барои эм кардани мусалмонон ҷоиз аст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Таҳиягарони ваксинаи "Спутник V" ба Идораи динии мусалмонони Русия таркиби доруро барои санҷиш равон карданд.

Пештар намояндагони идора дар ташвиш буданд, ки оё дар таркиби ваксина желатини хуг ҳаст ё не. Дар сурати будани он эм кардани мусалмонон бо ин навъи ваксина номумкин мешуд.

Вале ин навъи компонент дар таркиби ваксина ёфт нашуд.

Вакисна ҳалол аст ва мусалмонон метавонанд барои муҳофизат худ аз вируси корона аз он истифода баранд, изҳор дошт муфтӣ Аляутдинов.

"Дар таркиби он желатини хук мавҷуд нест, ҷузъҳои инсонӣ (хатҳои ҳуҷайра) низ дар онҷо вуҷуд надоранд. Аслан, дар назари аввал, мо гуфта метавонем, ки чизе аз нигоҳи ислом мамнӯъ дар дохили ваксина вуҷуд надорад", -  гуфт ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.

Ба гуфти Аляутдинов, ба таҳиягарони ваксина чанд савол дода шудааст. Пас аз гирифтани ҷавобҳо, теологҳо бо намояндагони муассисаҳои илмии марбут ба таҳияи ваксинаҳо мулоқот баргузор мекунанд.

Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад

Ҳамзамон, муфтӣ таъкид кард, ки созмон хулосаи умумӣ - фатво омода хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки масъалаи ҳалолияти "Sputnik V" дар муфтиёти Тотористон ба миён гузошта шуд. Онҳо гуфтанд, ки агар дору желатини хук дошта бошад, ҳалол нест.

365
Барчаспҳо:
вируси корона, санҷиш, посух, ҳалол, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (977)

Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт

56
(Таҷдидшуда 14:07 05.03.2021)
Вазорати тандурустии Русия аз анҷоми озмоиши даври дуюми ваксини "Спутник Лайт" хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.

Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.

Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад.

"Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.

Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

Директори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.

Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.

56
Барчаспҳо:
Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (977)
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров

Рамазон Қодиров барои акс бо Пригожин аз ФБР 250 ҳазор доллар талаб кард

1076
(Таҷдидшуда 20:28 04.03.2021)
Қаблан ФБР шаҳрвандони Русияро барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил карда буд ва Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки соҳибкор Евгений Пригожин, ки дар ҷустуҷӯи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА қарор дорад, дар Грозний дар меҳмонии ӯ қарор дорад.

Ба унвони далел, вай аксеро дар канали Телеграмаш мунташир карда ва бо шӯхӣ 250 000 доллар ҷоиза хостааст.

Пештар, ФБР дар Твиттер маълумоти дафтари Вашингтонро дар бораи ҷустуҷӯи шаҳрвандони Русия барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 нашр кард. Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад.

"Пулкании аз ин осонтар аз ҳукумати Амрикоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз ман фаҳмидам, ки ФБР омода аст барои маълумот дар бораи макони будубоши соҳибкор аз Санкт-Петербург Евгений Пригожин то 250 000 доллар пардохт кунад! Аз даст додани чунин шонс  аблаҳӣ хоҳад буд, бинобар ин ман расман изҳор мекунам: Евгений Пригожин дар меҳмонии ман дар Грозний аст", - навиштааст Қодиров.

Кишвардои Чеченистон бо шӯхӣ изҳор дошт, ки омода аст мукофотро бигирад, аммо танҳо дар шакли нақд.

"Бубинед, ҳисобҳои хориҷии ман бо миллионҳо доллар бо сабаби таҳримоти Иттиҳоди Урупо ва ИМА баста шуданд. Аммо бояд бо чизе зиндагӣ кард! Пас пулро ба он ҷо напартоед - ман наметавонам онро бигирам. Шумо беҳтараш мукофотро дар ҷомадон бо 20 долларӣ  ҷамъ карда, ба воситаи касе ба Грозний интиқол диҳед. Ҳама дар ин ҷо маро мешиносанд, роҳро нишон медиҳанд", - гуфт ӯ.

Қодиров таъкид кард, ки фавран пас аз гирифтани пул, ӯ дар бораи маҳалли будубоши Пригожин хабар хоҳад дод.

"Ҳоло ӯ дар паҳлӯи ман аст ва ҳатто гумон надорад, ки ӯ ба кишвари ковбойҳо сафар мекунад. Ман ҳамчун далели суханони худ аксеро замима мекунам. Танҳо пули қалбакӣ нафиристед, ман тафтиш мекунам", - гуфт раҳбари Чеченистон.

Ҳафтаи гузашта ширкати Пригожин "Конкорд" суроғаи ӯро нашр кард ва барои ин мукофоти ваъдашудаи ФБР - ро талаб намуд.

1076
Барчаспҳо:
маблағ, талаб, ФБР, Чеченистон, Рамазон Қодиров
Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ

Ванҷ обод мешавад: Қодири Қосим бо соҳибкорони ин ноҳия мулоқот кард

0
(Таҷдидшуда 15:46 06.03.2021)
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо соҳибкорони ноҳияи Ванҷ мизи гирд доир намуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади боз ҳам ободтар намудани ноҳияи Ванҷ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ
сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкоронро, омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дод.

Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори ноҳия саҳми муносиб доранд. Ҳамзамон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Раҳмонзода гуфт, ба наздикӣ тӯҳфаи Президент ба Мурғобу Ванҷ ирсол мешавад: чист он?

Барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди 86 иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.

Дар ин давра 31 иншоот дар соли 2018, 26 иншоот дар соли 2019,  22 иншоот дар соли 2020 мавриди истифода қарордода шуданд. Дар соли равон 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 4-тои он аллакай ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳо бо маром идома дошта, то муҳлати муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода мешаванд.

 

0