Боз як ширкати ҳавоии хориҷӣ барои парвоз ба Русия иҷозат гирифт

1278
Дар ҳошияи хабарҳо дар бораи тамдид ёфтани рӯйхати кишварҳое, ки бо онҳо Русия парвозҳоро барқарор мекунад, як ширкати ҳавоии хориҷӣ қарор дод, ба Русия парвоз кунад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ширкати "Белавиа"-и Белорус хабар дод, ки парвозҳоро бо Русия аз сар мегирад.

Парвозҳои ҳавоӣ аз ҳафтаи оянда сар мешавад ва онҳо тибқи хатсайри Минск-Санктпетербург ва Минск-Ростов лаби Дон, ҳамчунин самти муқобил  анҷом дода мешаванд.

Интизор меравад, ки парвози нахустин аз Минск ва Санкт-Петербург 12 феврал сурат гирад, ба Ростов лаби Дон бошад, - 13 феврал.

Хабар дода мешавад, ки парвозҳо аз Белорус ба пойтахти шимолии Русия рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд, ба Ростов лаби Дон бошанд, рӯзҳои шанбе.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта нахуствазири Русия дар бораи кушода шудани роҳи оҳан ва афзоиши парвозҳо ба Белорус хабар дод.

Тоҷикистон бо Украина парвозҳоро барқарор карданист

Ҳамчунин Ситоди фаврии коронавируси Русия иҷоза дод, ки парвозҳо бо Озарбойҷон ва Арманистон аз сар гирифта шаванд.

1278
Барчаспҳо:
ширкати ҳавоӣ, парвоз, Русия
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бизнес" мекунад? шикояти муҳоҷирон

1344
(Таҷдидшуда 12:30 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор шуданд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи муҳоҷирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

1344
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон
Депутат Сахалинской областной думы Дмитрий Пашов

Боздошти шарики "Шоҳи харчангҳо" ва "сарватмандтарин вакили Русия" дар Хабаровск

222
(Таҷдидшуда 18:18 01.03.2021)
Вакили миллиардери Думаи вилоятии Сахалин Дмитрий Пашов, ки рӯзи ҷумъа дар Хабаровск боздошт шуда буд, барои ду моҳ ба ҳабс фиристода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манобеяш аз додгоҳи марказии ноҳия хабар додааст.

"Суди марказии ноҳиявӣ 28 феврал чораи пешгирикунандаро дар намуди ҳабс ба мӯҳлати ду моҳ - то 26 апрел таъйин кард. Вай ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Хабаровск бу да то тасмими тафтишот он ҷо хоҳад монд",- шарҳ додааст манбаъ.

Қаблан як манбаи агентӣ гуфта буд, ки Пашов ҳангоми сафари хизматӣ боздошт шудааст.

Тавре ба РИА Новости президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои моҳидории вилояти Сахалин, вакили парлумони маҳаллӣ Максим Козлов шарҳ додааст, вакили парлумон ба наздикӣ ба бозпурсӣ рафт, ки дар чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии дер боз оғозшуда иштирок мекард.

Расонаҳои маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ин парванда алайҳи шарики собиқи ӯ Олег Кан аст, ки ӯро "Шоҳи харчанг"-ҳо меноманд. Худи Кан дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Моҳи декабри соли 2018, як шабакаи федералии телевизионӣ филмеро дар бораи моҳидории ғайриқонунӣ дар Шарқи Дур ва фурӯши харчанги Камчатка дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон намоиш дод.

Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Кан яке аз ташкилотчиёни тиҷорати ғайриқонунӣ мебошад.

Сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин қаблан ба дастгоҳи марказии департамент супориш дода буд, ки маводи парвандаро оид ба куштори соҳибкор Валерий Пхиденко дар соли 2010 аз кормандони дафтари марказии Кумитаи тафтишот Сахалин гирифта, фаҳмад, ки чаро онҳо тафтишро боздоштаанд.

Кумитаи тафтишот муайян кард, ки Кан ташкилотчии куштор аст. Шарики ӯ Дмитрий Поляков соли 2011 маҳкум шуда буд.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Дмитрий Пашов аз соли 2017 дар парлумони Сахалин менишаст.
Ғайр аз ин, ӯ раиси раёсати иттиҳодияи моҳидории вилояти Сахалин ва соҳиби ширкати моҳидории Монерон мебошад.

Соли 2019, Forbes Пашовро сарватмандтарин депутат дар Русия номид. Даромади эъломшудаи ӯ он замон 6,2 миллиард рублро ташкил медод.

222
Барчаспҳо:
Сахалин, вакили Дума, боздошт, Русия
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон