Аврупо ба "Спутник V" бовар кард: Олмон барои истеҳсоли ваксина замина омода кард

131
(Таҷдидшуда 15:58 05.02.2021)
Себастян Куртс, садриаъзами Австрия аз Агентии тибии аврупоӣ даъват кард, ки ҳангоми баррасии эҳтимоли сабти номи ваксинаи зидди коронаӣ аз Русия ва Чин аз "мамнӯъиятҳои геополитикӣ" даст кашанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Чанде пеш раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон таъкид кард – тасмими истифодаи "Спутник V" набояд сиёсӣ, балки илмӣ бошад. Ахиран Испания эълон кард, ки Мадрид тасмим истифодаи ваксинаи сохти Русияро гирифтааст.

Дар мавриди Олмон бошад, тасмими роҳбарияти ин кишвар барои ҳамкории фаъол бо Маскав дар ин масъала, баъд аз таҳлилҳо ҳанӯз моҳи январ, замоне ки Ангела Меркел омодагии Берлинро барои кумаки сабти номи ваксинаи сохти Русия дар Аврупо эълон карда буд, маълум шуда буд.

Ҳамчунин, мақомоти Олмон заминаро барои анҷом додани ин иқдом боз ҳам пештар оғоз карда буд. Дар ҳоли ҳозир, расонаҳои бонуфузи аврупоӣ хонандаҳои худро бо гузоришҳои мусбат дар бораи "Спутник V" бомбаборон кардаанд. Вазъ фаҳмо аст: пас аз маъракаи чандмоҳаи бадномкунандаи ваксинаи Русия, бояд ба таври фаврӣ фикри ҷамъиятро дигар кард, зеро имкон дорад ваксинаи сохти Русия дар эмгузаронии сокинони Иттиҳодияи Аврупо нақши муҳим хоҳад дошт.

Оё ваксинаи "Спутник V" ҳалол аст? муфтиёти Русия санҷиду посух дод

Бояд гуфт, ки тағйироти иттилоотву сиёсӣ, ки бисёриҳо он замон аҳамият надода буданд, як моҳ пештар оғоз шуда буд – нақши муҳимро дар ин ҷараён маҳз Олмон бозӣ кард.

Ҳоло вазъ чунон менамояд, ки гузориши тозанашр дар маҷалаи "Лансет" чашмони ҳамаро ба сифати воқеии ваксинаи "Спутник V" боз кардааст. Маълум шуд, ки дар Олмон корҳо барои истеҳсоли ваксина кайҳо боз оғоз шудааст ва дар авҷ аст.

Дар маҷмӯъ, олмониҳо бори дигар мақоми худро ҳамчун кишвари пешвои Аврупо тасдиқ карданд. Дар ҳоле ки дигарон (ба истиснои Маҷористон, аз русҳаросӣ тарс надорад) интизори натиҷа буданд, Олмон мавзӯи муҳим аз лиҳози сиёсӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданокро ба худ ҷалб кард.

Вазъ шабеҳи лоиҳаи "Маҷрои Шимолӣ-2" аст, ки Берлин сарфи назар аз тамоми  "ҷиноятҳои Кремл", онро бо таҳдиди марг ҳимоя мекунад: ин як масъалаи муҳиму умедбахш аст. Ваксинаи сохти Русия натиҷаҳои хеле хуб нишон дод, ки онро нодида гиранд - ин чизест, ки Ғарб онро дар нақша дошт. Дар худи Аврупо корҳо чандон хуб нестанд.

Норасоии ваксина ба як мушкили бузург табдил ёфтааст. Миқдори вояҳо хеле кам аст ва мубориза барои ваксина ба моҷаро табдил ёфта истодааст.

Аврупоро ваксинаи – AstraZeneca- сохти Англияву Шведсия ноумед кард ин ваксина чандон натиҷаҳои самаранок нишон надод (самаранокии он катар аз 60 дарсад будааст).

Ду ваксинаи амрикоӣ - аз Pfizer ва Moderna - аз лиҳои самаранокӣ хуб доранд (тақрибан 95 фоиз), аммо тарафи дигари масъала ҳам ҳаст. Одатан се ҳолат нишон дода мешавад: а) нархи баланд, б) талаботи хеле шадиди истеҳсолӣ ва логистикӣ, ки истеҳсолу нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онро мушкил месозад в) давомнокии номаълуми таъсири муҳофизатии ваксина.

Эм шудӣ, арзон мехӯрӣ: хизматгузории нав дар тарабхонаҳои арабӣ - навор

Бояд қайд кард, ки ҳарду ваксинаи амрикоӣ бо истифода аз технологияи муосир сохта шудаанд, ва ҳанӯз аз санҷиши комили ҳифозат ба инсон дар муҳлати  дарозмуддат нагузаштааст.

Дар ҳамин ҳол, ваксинаи Русия, ки натиҷаҳои хуб нишон дод, дурахшид.

Кашфиёти олимони Русия ҳоло бо суханони зебо аз ҷониби Ғарб қадрдонӣ мешавад. Ҳоло ваксинаи "Спутник V" , сохти Русия дар ғарб ба партоби аввали моҳвораи сунъӣ, ки  аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1957 ба кайҳон бароварда шуд муқоиса мешавад.

Рӯзноманигори расонаи хабарии Welt -и Олмон, ки ин мувозиро таҳлил карда буд, қайд кард, ки "аз он замон то имрӯз Русия наметавонист Ғарбро аз нуқтаи назари техникӣ дар ҳайрат гузорад".

Ин назарро ба кишваре мегуянд, ки  дорои соҳаҳои энергетикаи пешрафтаи ҳастаӣ, технологияҳои суръати абрсут, технологияҳои муборизаи радиоэлектронӣ ва ғайра аст.

Ин дар бораи кишваре гуфта мешавад, ки сатҳи рақамисозии онро Ғарб танҳо дар хоб мебинаду орзӯ мекунад.

Ба таври автоматӣ суоле пеш меояд: оё Русия аз технологияҳои муосир бархурдор нест, ки Ғарбро бояд дар ҳайрат гузорад ё ин ки худи Ғарб ин муваффақиятҳоро то ки зиндагӣ маҷбур накунад намехоҳад бубинад?

Дархости роҳбари СҶБ: нахуст пирону табибонро бо ваксин таъмин кунед

Ин гуна беэътиноӣ ва паст задани ҳадафмандона, албатта метавонад хашмгин ва рӯҳафтода кунад. Аз тарафи дигар, ҷанбаҳои мусбат низ ҳаст. Ҳарчанд Аврупо ва Амрико Русияро кушиш кунанд паст зананд ин ба мо имкон медиҳад, ки онҳоро гаштаву баргашта дар ҳайрат гузорем.

Ва замоне, ки зарур шавад, ғолиб мебероем.

131
Барчаспҳо:
вируси корона, Аврупо, Олмон, Русия
Комментатор Юрий Розанов

Даргузашти шореҳи машҳури варзишӣ Юрий Розанов

144
(Таҷдидшуда 15:14 03.03.2021)
Журналисти маъруф, шореҳи варзишии шинохтаи Русия Юрий Розанов дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Шореҳи варзишӣ Юрий Розанов дар Маскав аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора рӯзноманигор Михаил Моссаковский дар Твиттер хабар дод.

Марги рӯзноманигорро дар шабакаи иҷтимоӣ шореҳон Василий Уткин ва Дмитрий Губерниев тасдиқ карданд.

"Бовар кардан ғайриимкон аст. Ӯ аз миёни мо дар касбаш беҳтарин аст ", - гуфт Губерниев.

Тибқи иттилои шабакаи Telegram Mash, Розанов пеш аз марг худро бад эҳсос мекард. Аз сабаби тангии нафас, ҳамсараш мошини ёрии таъҷилиро даъват кард.

Розановро бо шарҳи бозиҳои футбол ва хоккей мешиносанд. Соли 2012 аз рӯи номинатсияи "шореҳи варзишӣ / барандаи барномаи варзишӣ" ба ӯ ҷоизаи TEFI доданд. Рӯзноманигор барои гузоришҳо аз чемпионати ҷаҳонии хоккей байни ҷавонон ҷоиза гирифт.

Розанов аз моҳи майи соли 2019 бинобар табобати саратони шуш, пахши барномаҳоро қатъ кард. Дӯстдорони варзиш овози шореҳро моҳи ноябри ҳамон сол дубора шуниданд. Он замон, Розанов аз бемории саратон табобат мегирифт.

144
Барчаспҳо:
Русия, машҳур, шореҳ, даргузашт
Молоток судьи, архивное фото

Зодаи Тоҷикистонро дар Петербург барои кумак ба террористон равонаи зиндон карданд

156
(Таҷдидшуда 14:36 03.03.2021)
Як зодаи Тоҷикистон, ки чун муҳоҷири корӣ дар қаламрави Русия қарор дорад, ба ҳамватани худ барои пайвастан ба ҷангиёни Сурия кумак кардааст

ДУШАНБЕ, 3 март - Sputnik. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба фаъолияти як созмони террористӣ айбдор мекунад, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Маълум шуда, ки зодаи Тоҷикистон О.Соатов ҷонибдори ҳаракати радикалӣ будааст.

Муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳамватани худ А.Тошев дар масъалаи интиқолаш ба Сурия кумак кардааст.

Маълум шуда, ки Тошев ба созмони террористие, ки дар ҷангҳои Сурия алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ иштирок мекунад, пайвастанӣ буд.

Ҳамин тариқ, Соатов дар ҷамъоварии маблағ барои як ҳамхидматаш кумак кард, ки бо он маблағ Тошев бояд билети ҳавопаймо мехарид.

Ғайр аз он, шахси боздоштшуда бо як корфармои як созмони террористӣ робитаи пинҳонӣ пешниҳод кардааст, то дар сурати боздошти Тошев осори иртиботи мустақим намонад.

Маълум мешавад, ки худи Тошев моҳи сентябри соли 2020 дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав ҳангоми кӯшиши парвоз ба Туркия барои сафари минбаъда ба Сурия боздошт шудааст.

Нисбати ин мард барои ширкат дар фаъолияти як созмони террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ва танҳо баъдтар, мақомоти тафтишот шарики ӯро муайян карданд ва Соатовро низ дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд. Ҳамин гуна парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ боз шудааст.

Тафсилоти нав дар қазияи муҳоҷире, ки зани ҳомила ва хусурашро кушт: қарздор буд

Ҳоло додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург Соатовро ба мӯҳлати ду моҳ ҳабс кардааст.

156
Барчаспҳо:
айбдорӣ, зода, Русия, Тоҷикистон
Денежные купюры: евро, доллары и российские рубли.

Ҷаҳиши қурби Евро ва рубли русӣ дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 09:44 04.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби Евро ва рубли русӣ боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6377 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1530 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0
Барчаспҳо:
рубл, евро, асъор, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон