Русия боз ба Тоҷикистон ваксин ирсол мекунад

224
(Таҷдидшуда 17:06 05.02.2021)
Русия мехоҳад ба Тоҷикистон боз 1000 вояи ваксинаашро ирсол кунад: низомиёни пойгоҳи 201 ва хонаводаҳои онҳо метавонанд аз он истифода баранд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон қисми дуввуми ваксинаи коронавируси Русия "Спутник V"-ро ба даст меорад, изҳор дошт фармондеҳи Қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин.

Аврупо ба "Спутник V" бовар кард: Олмон барои истеҳсоли ваксина замина омода кард

Дар мулоқот бо низомиён Лапин таъкид кард, ки то охири феврал дар пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон, боз 1000 воя интиқол дода мешавад.

"Дар моҳи феврал ба пойгоҳ боз як қисми дигари ваксинаи коронавирус ворид карда мешавад, ки аз 1000 воя иборат аст. Аз он чӣ низомиён ва чӣ хонаводаҳои онҳо метавонанд истифода баранд", - гуфтааст вай.

Ба қавли намояндаи Округи марказӣ, қисми аввали ваксинро моҳи январ ба пойгоҳ расониданд. Он аз 1,1 ҳазор воя иборат буд.

Нахуст низомиён ва ҳайати фармондеҳии пойгоҳи 201 эм карда шуданд. Эмгузаронӣ комилан ихтиёрӣ сурат гирифт.

224
Барчаспҳо:
вируси корона, Тоҷикистон, Русия

Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд

63
(Таҷдидшуда 19:12 27.02.2021)
Нафарони аз 18-сола боло, ки аз коронавирус сироят наёфтаанд, дар давоми як моҳ эм нашудаанд ва антителаи коронавирусро надоранд, метавонанд ихтиёрӣ ин намуди ваксинаро қабул кунанд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нахустин гурӯҳи ихтиёриён аллакай эм шуданд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба шаҳрдории Маскав.

"Спутник Лайт" ҷузъи якуми  "Спутник V" аст.

"Бо ташхиси ихтиёриён, ҳаҷми эмкунӣ зиёд мешавад. Ҳоло дархостҳо фаъолона пешниҳод карда мешаванд, дар давоми ду рӯз 490 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштанд", - гуфт вай.

Ҳар як шахси аз 18-сола боло, метавонад ихтиёрӣ шавад, агар онҳо ба COVID-19 сироят нашуда бошад (ва дар тӯли ду ҳафтаи охир бемории ОРВИ надошта бошанд), дар тӯли як моҳ ягон ваксина нагирифта бошанд (аз ҷумла зидди коронавирус), антитела ба SARS-CoV-2 ва аллергия надошта бошанд.

Иштирок дар таҳқиқот барои шахсони гирифтори бемориҳои шадиди музмин тавсия дода намешавад ва занони ҳомила ё ширдеҳ наметавонанд довталабӣ кунанд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, ин ваксина эҳтимолан барои  аз 18 то 30-сола,  истифода хоҳад шуд. Ҳамзамон, Ракова таъкид кард, ки "Спутник Лайт" дар якҷоягӣ бо "Спутник V" барои эмгузаронӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Омодагии Русия барои ҳамкорӣ дар тавлиди муштараки ваксина бар зидди корона бо Амрико

Дар тадқиқот ҳамаи таҳияҳои рақамӣ, ки аллакай дар озмоишҳои "Спутник V", ки исбот шудаанд истифода мешаванд.

Ғайр аз он, қарор аст, ки омӯзиши шакли биниии ваксинаи коронавирус гузаронида шавад, гуфт Ракова.

Маркази Гамалея барои гирифтани иҷозат аз Вазорати тандурустӣ бастаи ҳуҷҷатҳоро омода мекунад. Тахмин мезананд, ки шакли бинии ваксина барои онҳое мувофиқ аст, ки дар тазриқ хилофи он мебошанд.

63

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

136
(Таҷдидшуда 20:07 26.02.2021)
Таҳиягарони нахустин ваксина мегӯянд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд ва талош доранд бовариро ба он кам кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.

"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия. 

Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.

Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.

Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6%  расид.

Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.

"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.

Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад

Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

136
Барчаспҳо:
вируси корона, душманон, ваксина, Русия
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

170
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

170
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон