Песков гуфт, кай Русия ба зиндагии муқаррарӣ бозмегардад

656
(Таҷдидшуда 19:26 08.02.2021)
Бино ба арзёбии коршиносон барои баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ, бояд 60 дарсади аҳолии сайёра иммунитети зидди вируси корона дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия миёнаҳои фасли тобистон ба зиндагии муқаррарӣ бозмегардад, менависад РИА Новости аз қавли сухангӯи президенти кишвар Дмитрий Песков.

"Яъне, моҳи август, аллакай, тавре ки мегӯянд, бо рӯйи кушод меградем", - гуфт Песков.

Вай инчунин ёдовар шуд, ки тибқи ҳисобҳои коршиносон, барои баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ, тақрибан 60 фоизи сокинони ҷаҳон бояд аз коронавирус иммунитет дошта бошанд.

Сухан дар бораи ба даст овардани иммунитет ҳам бо роҳи табиӣ ва ҳам сунъӣ меравад.

СҶБ аз коҳиши суръати паҳншавии вируси корона дар ҷаҳон гуфт

Вай таъкид кард, ки бисёр кишварҳо кор карда истодаанд, ки дар самтҳои мухталиф суръат мегиранд.

Дархости роҳбари СҶБ: нахуст пирону табибонро бо ваксин таъмин кунед

Вай, аз ҷумла, аз муваффақиятҳои Исроил ва афзоиши эмгузаронӣ дар Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро ёдовар шуд.

656
Барчаспҳо:
вируси корона, бозгашт, зиндагӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

118
(Таҷдидшуда 20:07 26.02.2021)
Таҳиягарони нахустин ваксина мегӯянд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд ва талош доранд бовариро ба он кам кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.

"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия. 

Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.

Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.

Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6%  расид.

Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.

"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.

Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад

Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

118
Барчаспҳо:
вируси корона, душманон, ваксина, Русия
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

"Зарбаи қатъиро бо иштироки Путин расондем": Қодиров дар бораи маҳви гурӯҳи Бютукаев

1044
(Таҷдидшуда 12:39 26.02.2021)
Бистуми январ дар деҳаи Қатар - Юрти Чеченистон, амалиёти вижа алайҳи гурӯҳи силоҳбадастон пиёда шуд, ки дар натиҷа 6 нафар бо шумули худи Бютукаев маҳв шуданд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кишвардори Чеченистон Рамазан Қодиров гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ҷараёни амалиёти вижа алайҳи бандаи Бютукаевро зери назорати худ қарор дод. Қодиров дар ин бора дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштааст.

Зимнан, роҳбари Чеченистон ба Владимир Путин, изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд ки "таҳти роҳбарии ӯ терроризми байналмилалӣ бори аввал дар таърихи ҷаҳонӣ нест карда шуд". Сардори Чеченистон қайд кард, ки президент натиҷаи ин амалиётро ниҳоят муҳим арзёбӣ кард.

"Таваҷҷӯҳи Владимир Владимирович омили ҳалкунандаи шикасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон гардид", - шарҳ додааст Қодиров.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январ дар канори деҳаи Қатар-Юрти Чеченистон як амалиёти вижа баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шаш ҷангӣ, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштанд, аз ҷумла Бютукаев маҳв шуданд.

Пас аз ин амалиёт, Рамазон Қодиров расман эълон кард, ки Чеченистон ҳамакнун орӣ аз террористон шуд.

Моликони “Домодедово” барои амали террористӣ муҷозот мешаванд

Аслан Бютукаев ҳамроҳ бо Доку Умаров масъулияти ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро, ки 24 январи соли 2011 рух дода буд, бар дӯш гирифтанд.

Бар асари ин ҳамлаи террористӣ, дасти кам 37 нафар кушта шуд, ки се нафари онҳо атбои Тоҷикистон буданд.

1044
Барчаспҳо:
Чеченистон, Рамазон Қодиров
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

285
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

285
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон