Песков дар бораи бемориҳои Владимир Путин гуфт

1132
(Таҷдидшуда 16:44 12.02.2021)
Сухангӯи президенти ФР Дмитрий Песков гуфт, оё кишвардор вақтҳои охир ба ягон беморӣ гирифтор шуда буд ё не

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Саломатии президенти Русия Владимир Путин боиси нигаронӣ нест, гуфт котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков ба хабарнигорон.

"Туф, туф, туф, президент комилан сиҳат аст. Ва эм низ ба хотири нигоҳ доштани ин саломатӣ карда мешавад", - нақл кард Песков.

Песков гуфт, ки вақтҳои охир Путин ягон бемориро аз сар нагузаронидааст, ҳатто зуком нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан журналистон саволҳо доштанд, ки оё Президенти Федератсияи Русия аз коронавирус эм карда мешавад ё не.

Дмитрий Песков посух дод, ки Путин ният дорад, наздиктар ба тирамоҳ пеш аз сафараш ба хориҷа эм карда шавад.

Песков ба суол дар бораи эмгузаронии Путин алайҳи коронавирус посух дод

Песков афзуд, ки сарвари давлат дар ин бора худаш хабар хоҳад дод.

1132
Барчаспҳо:
пешгирӣ аз бемориҳо, Владимир Путин, Русия
Депутат Сахалинской областной думы Дмитрий Пашов

Боздошти шарики "Шоҳи харчангҳо" ва "сарватмандтарин вакили Русия" дар Хабаровск

178
(Таҷдидшуда 18:18 01.03.2021)
Вакили миллиардери Думаи вилоятии Сахалин Дмитрий Пашов, ки рӯзи ҷумъа дар Хабаровск боздошт шуда буд, барои ду моҳ ба ҳабс фиристода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манобеяш аз додгоҳи марказии ноҳия хабар додааст.

"Суди марказии ноҳиявӣ 28 феврал чораи пешгирикунандаро дар намуди ҳабс ба мӯҳлати ду моҳ - то 26 апрел таъйин кард. Вай ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Хабаровск бу да то тасмими тафтишот он ҷо хоҳад монд",- шарҳ додааст манбаъ.

Қаблан як манбаи агентӣ гуфта буд, ки Пашов ҳангоми сафари хизматӣ боздошт шудааст.

Тавре ба РИА Новости президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои моҳидории вилояти Сахалин, вакили парлумони маҳаллӣ Максим Козлов шарҳ додааст, вакили парлумон ба наздикӣ ба бозпурсӣ рафт, ки дар чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии дер боз оғозшуда иштирок мекард.

Расонаҳои маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ин парванда алайҳи шарики собиқи ӯ Олег Кан аст, ки ӯро "Шоҳи харчанг"-ҳо меноманд. Худи Кан дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Моҳи декабри соли 2018, як шабакаи федералии телевизионӣ филмеро дар бораи моҳидории ғайриқонунӣ дар Шарқи Дур ва фурӯши харчанги Камчатка дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон намоиш дод.

Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Кан яке аз ташкилотчиёни тиҷорати ғайриқонунӣ мебошад.

Сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин қаблан ба дастгоҳи марказии департамент супориш дода буд, ки маводи парвандаро оид ба куштори соҳибкор Валерий Пхиденко дар соли 2010 аз кормандони дафтари марказии Кумитаи тафтишот Сахалин гирифта, фаҳмад, ки чаро онҳо тафтишро боздоштаанд.

Кумитаи тафтишот муайян кард, ки Кан ташкилотчии куштор аст. Шарики ӯ Дмитрий Поляков соли 2011 маҳкум шуда буд.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Дмитрий Пашов аз соли 2017 дар парлумони Сахалин менишаст.
Ғайр аз ин, ӯ раиси раёсати иттиҳодияи моҳидории вилояти Сахалин ва соҳиби ширкати моҳидории Монерон мебошад.

Соли 2019, Forbes Пашовро сарватмандтарин депутат дар Русия номид. Даромади эъломшудаи ӯ он замон 6,2 миллиард рублро ташкил медод.

178
Барчаспҳо:
Сахалин, вакили Дума, боздошт, Русия
Президент РФ В. Путин встретился с главой ФМБА России В. Скворцовой

Баҳои Путин ба ваксинҳои Русия: алайҳи ҳамаи навъҳои коронавирус муассиранд

71
(Таҷдидшуда 18:14 01.03.2021)
Владимир Птуин мегӯяд, ваксинҳои сохти Русия нисбати навъҳои нави коронавирус, ки Аврупо аз онҳо дар ташвиш шудааст, муассир мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.

Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод. 

Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.

"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.

Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.

Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст. 

Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.

"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.

Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.

71
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

501
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

501