Председатель ЛДПР Владимир Жириновский

Жириновский сиёсати Лукашенкоро сахт танқид кард

375
(Таҷдидшуда 13:44 14.02.2021)
Роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар он чизеро, ки дар бораи сиёсати президенти Белорус Александр Лукашенко фикр мекунад, гуфт

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Роҳбари ЛДПР Владимир Жириновский дар саҳифаи Telegram-каналаш сиёсати президенти Белорус Александр Лукашенкоро интиқод кард.

 Ӯ Лукашенкоро "маҳсули низоми советӣ" номид ва афзуд, ки чун президенти Белорус танҳо котибони кулли Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.

"Бинед, дар баромадҳои 4-соатаи вай чигуна бо чеҳраҳои гирифта менишинанд. Ҳатто ҳангоми роҳбарии Бреженев чеҳраҳои мардум шодтар буд. Инҳо роҳбарони меҳрубон боз", - гуфтааст Жириновский.

Ҳамчунин Жириновский сиёсати бисёрсамтаи Лукашенкоро интиқод кардааст. Ӯ таъкид кардааст ин кори президентро фаҳмида наметавонад. 

Жириновский таъкид кардааст, ки дар вазъи ҳозира пулро кишвар аз Русия мепурсад, манфиатҳояшро дар Ғарб рушд медиҳад. 

Ҳамчунин шиори президент "Рушд ва истиқлолият" ба роҳбари ЛДПР писанд наомадааст.

"Мустақилӣ аз кӣ, аз Русия? Ин тавр бошад аз кӯмаки молии Русия даст кашед", - таъкид кардааст Владимир Жириновский.

375
Барчаспҳо:
интиқод, Александр Лукашенко, Владимир Жириновский

Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт

50
(Таҷдидшуда 14:07 05.03.2021)
Вазорати тандурустии Русия аз анҷоми озмоиши даври дуюми ваксини "Спутник Лайт" хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.

Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.

Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад.

"Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.

Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

Директори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.

Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.

50
Барчаспҳо:
Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров

Рамазон Қодиров барои акс бо Пригожин аз ФБР 250 ҳазор доллар талаб кард

1054
(Таҷдидшуда 20:28 04.03.2021)
Қаблан ФБР шаҳрвандони Русияро барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил карда буд ва Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки соҳибкор Евгений Пригожин, ки дар ҷустуҷӯи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА қарор дорад, дар Грозний дар меҳмонии ӯ қарор дорад.

Ба унвони далел, вай аксеро дар канали Телеграмаш мунташир карда ва бо шӯхӣ 250 000 доллар ҷоиза хостааст.

Пештар, ФБР дар Твиттер маълумоти дафтари Вашингтонро дар бораи ҷустуҷӯи шаҳрвандони Русия барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 нашр кард. Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад.

"Пулкании аз ин осонтар аз ҳукумати Амрикоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз ман фаҳмидам, ки ФБР омода аст барои маълумот дар бораи макони будубоши соҳибкор аз Санкт-Петербург Евгений Пригожин то 250 000 доллар пардохт кунад! Аз даст додани чунин шонс  аблаҳӣ хоҳад буд, бинобар ин ман расман изҳор мекунам: Евгений Пригожин дар меҳмонии ман дар Грозний аст", - навиштааст Қодиров.

Кишвардои Чеченистон бо шӯхӣ изҳор дошт, ки омода аст мукофотро бигирад, аммо танҳо дар шакли нақд.

"Бубинед, ҳисобҳои хориҷии ман бо миллионҳо доллар бо сабаби таҳримоти Иттиҳоди Урупо ва ИМА баста шуданд. Аммо бояд бо чизе зиндагӣ кард! Пас пулро ба он ҷо напартоед - ман наметавонам онро бигирам. Шумо беҳтараш мукофотро дар ҷомадон бо 20 долларӣ  ҷамъ карда, ба воситаи касе ба Грозний интиқол диҳед. Ҳама дар ин ҷо маро мешиносанд, роҳро нишон медиҳанд", - гуфт ӯ.

Қодиров таъкид кард, ки фавран пас аз гирифтани пул, ӯ дар бораи маҳалли будубоши Пригожин хабар хоҳад дод.

"Ҳоло ӯ дар паҳлӯи ман аст ва ҳатто гумон надорад, ки ӯ ба кишвари ковбойҳо сафар мекунад. Ман ҳамчун далели суханони худ аксеро замима мекунам. Танҳо пули қалбакӣ нафиристед, ман тафтиш мекунам", - гуфт раҳбари Чеченистон.

Ҳафтаи гузашта ширкати Пригожин "Конкорд" суроғаи ӯро нашр кард ва барои ин мукофоти ваъдашудаи ФБР - ро талаб намуд.

1054
Барчаспҳо:
маблағ, талаб, ФБР, Чеченистон, Рамазон Қодиров
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол