Даъвати ВУХ Русия аз дипломатҳои хориҷ: алайҳи коронавирус эм гиред

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Русия ба барномаи эмгузаронии сартосарӣ алайҳи маризии коронаиврус, созмонҳои хориҷ ва ҳамзамон дипломатҳои дигар давлатҳо, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, даъват намудааст
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия даъватномаҳоро барои иштирок дар маъракаи эмгузаронӣ ирсол намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард
Гуфта мешавад, ба ин маърака ҳамаи кормандони сафоратхонаҳои муқими Русия даъват гардидаанд.
"Амалияи даъват кардани корпуси дипломатӣ барои эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавирус дар бисёр иёлатҳо маъмул аст ва ин комилан фаҳмо аст - муборизаи муваффақона бар зидди эпидемия то ҳадди имкон фарогирифтани тамоми мардуми кишварро талаб мекунад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Русия.
Бар иловаи кормандони сафоратхонаҳо, ҳамчунин кормандони ташкилотҳои хориҷӣ низ имкон доранд дар маъракаи эмгузаронии сартосарӣ иштирок кунанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид
Таъкид мешавад, ВУХ Русия тасмим дорад, ҳамаи кормандони сафоратҳои Русия дар хориҷи кишвар ва ҳамчунин ҳамаи аъзоёни оилаи онҳоро бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин намояд.
Лентаи хабарҳо
0