Линии электропередачи ГЭС. Фото из архива.

Эрон аз нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бештар аз муҳлат истифода мекунад

36
(Таҷдидшуда 20:06 11.02.2016)
Эрон аз нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ду сол бештар аз муҳлати муқарраршуда истифода хоҳад кард. Маҷмуи муҳлати истифодабарии Эрон аз ин нерӯгоҳ ба 14,5 сол дароз шуда, баъд аз ин муҳлат Сангтӯда-2 пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад, мегӯяд сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Радиф Тоҷикистон. "Тибқи қарордоди қаблӣ, даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 муддати 12,5 сол ба ихтиёри Эрон вогузор гардида буд. Ба далели ин ки Тоҷикистон қодир нест маблағи истифодаро пардозад, тавофуқ ҳосил шуд, ки муҳлати дар ихтиёри Эрон қарор доштани нерӯгоҳ ба манфиати Эрон дарозтар шавад", — гуфтааст ба хабаргузории "Азия плюс" Сайидмаҳмуди Садрӣ, ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон.

Санадҳо дар ин хусус ҳанӯз зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон санаи 10-уми сентябр ба имзо расида будаанд, менависад хабаргузории мазкур.

Сайидмаҳмуди Садрӣ гуфтааст, феълан қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-2 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад.

36
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

96
(Таҷдидшуда 13:34 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

96
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

189
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

189
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон

Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

0
Сармураббии бошгоҳи футболи "Уфа" Рашид Раҳимов дар бораи таассуроти худ пас аз бозиҳои аввал бо дастаи нав сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбоз ва мураббии шинохтаи тоҷик, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи сармураббии дастаи “Уфа”-и Бошқирдистон аллакай ду бозӣ гузаронид.

Дар бозии аввал тими Раҳимов дар доираи Премер Лигаи Русия аз дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 1:0 шикаст ёфт ва дар бозии дуввумаш тими дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Русия бо ФК "Чертаново" – ро 4: 0 шикаст дод.

Дар чунин вазъ гуфтан душвор аст, ки чӣ гуна таассурот метавонад бошад, гуфт мураббии футбол Рашид Раҳимов дар суҳбат бо Sprutnik Тоҷикистон.

"Вазъият, бояд бигӯям, осон нест. Ва дар робита ба имкониятҳои ба даст овардани бозигарон вақт нест. Ҳоло танҳо агентҳои озод ҳастанд, аммо дар байни онҳо бозигарони ҳирфаӣ ёфтан хеле мушкил аст", - гуфт мураббии футбол.

Раҳимов афзуд, ки на ҳама футболбозони касбӣ ба бозӣ дар тиме, ки дар зинаи охирини Премер Лигаи Русия  ҷойгир аст, омодаанд.

"Даста дар зинаи паст қарор дорад, албатта, чизи зиёдеро бояд тағир дод. Аз ин рӯ, танҳо як нақша ҳаст - ҳарчи зудтар боло рафтан ва мавқеъро дар Премер Лига нигоҳ доштан", - гуфт мураббӣ.

Дар оғози кор бо тим аз бозӣ қонеъ шудан мумкин нест, алахусус агар бохте дошта бошед, илова кард Раҳимов.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

"Албатта, лаҳзаҳои мусбӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳама чиз натиҷаро муайян мекунад. Метавон лаҳзаҳои хубро ҳамчун асос қабул кар, аммо дар айни замон дарк мекунӣ, ки боз чӣ қадар беҳтар кардан лозим аст", - хулоса кард мураббӣ Рашид Раҳимов.

0
Барчаспҳо:
бозӣ, Сармураббӣ, Рашид Раҳимов, футбол