ВКД: мошинҳои гаронбаҳо давоми 90 рӯз сабт мешаванд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкИфтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии мошинҳо дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии мошинҳо дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар мошини гаронарзиши воридотӣ баъди 90 рӯзи ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудан сабти ном мегардад. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин муқаррарот барои пешгирӣ аз воридоти мошинҳои дуздӣ андешида шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Барои сабти мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 90 рӯз муҳлат муқаррар кардааст. Дар ин муддат вазорат бояд аз тариқи Интерпол маълум кунад, ки мошин дуздӣ нест, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Бино бар ин муқаррарот, то гирифтани посух фурӯши мошинҳои гаронарзиш иҷоза дода намешавад. Ба иттилои Озодӣ, ин муқаррарот барои мошинҳои "седан"-и қиматашон аз 30 ҳазор доллар боло ва барои мошинҳои "Ҷип"-и нархашон аз 40 ҳазор доллар боло таъйин шудааст.

Қаблан расонаҳои ғарбӣ Тоҷикистонро яке аз бозорҳои фурӯши мошинҳои дуздӣ муаррифӣ карда буданд. Дар моҳи декабри соли 2013 маҷаллаи олмонии «Билд» хабар дод, ки ҳудуди 200 мошини қиматбаҳои BMW-и аз Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Дар пайи ин хабар матбуоти Олмон аз қавли гумруки Узбакистон низ аз кашфи ҳудуди 20 мошини дуздӣ дар масири кишварҳои соҳили Балтик ба Тоҷикистон хабар дод.

Тобистони соли равон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кашфи 127 мошини дуздиро эътироф кард, аммо фазосозии иттилотӣ дар атрофи Тоҷикистонро ғайримантиқӣ ҳисобид ва гуфт, дар махзани Интерпол 7,6 миллион мошини дуздӣ сабт шудаааст, ки дар қиёс бо он рақаме, ки дар Тоҷикистон кашф шуд, хеле ночиз аст. Аммо дар ин робита касе дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, зеро шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин "тиҷорат", ба гуфтаи мақомот, ҳамагӣ нафари сеюм ва харидори бовиҷдон маҳсуб мешаванд. Далели дигар ҳам ин буд, ки мошинҳои дуздӣ аз ҳудуди кишварҳои Шенген ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 6-7 ҳазор километрро гузашта, танҳо дар Тоҷикистон ошкор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0