Страница Шахбола Мирзоева в социальной сети ВКонтакте

Неруҳои марзбонӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда зарари маънавиро намепардозад

10
(Таҷдидшуда 15:17 25.12.2014)
Дар ин бора ҳуқуқшиноси Сарраёсати марзбонии КДАМ дар мурофиаи додгоҳӣ иброз дошта афзуд, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷруҳшударо қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Намояндаи КДАМ пардохти ҷубронро ба зиммаи духтур ва ҳамшираи шафқати навбатдор ҳавола кард.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар нахустин мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев бо Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рӯзи 24 декабр дар бинои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо даъвои пардохти 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ  баргузор шуд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ  Зоиршо Назиров гуфт,  ки ин ниҳод  пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Ӯ дар ин робита гуфтааст, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд.

"Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. Ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 3000 сомонӣ ва сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар ҳаҷми 2230 сомонӣ ба Шаҳбол кӯмаки якдафъина расонидаанд",-иброз доштааст Назиров.

Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, чун фарзанди зерҳимояи ӯ, аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст.

Шаҳбол Мирзоев, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 марти соли 2014 баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Додгоҳи гарнизони Душанбе дар моҳи июн Усмоналӣ Ғайратовро бо ҷурми бадрафторӣ ба сарбоз ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

10
Барчаспҳо:
кумаки якдафъина, ҷуброни зарари маънавӣ, намепардозанд, Сарраёсат, неруҳои марзбонӣ, КДАМ, Усмоналӣ Ғайратов, Дилшод Ҷӯраев, Зоиршо Назиров, Шаҳбол Мирзоев, Душанбе, Ашт, Тоҷикистон
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Соҳибкорони Суғд иқтисоди вилоятро мечархонанд: бунёди ду фермаи нав дар Деваштич

0
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ фермаи мурғпарварӣ ва фермаи чорводорӣ бунёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Дафтари матбуоти мақооти вилояти Суғд, эълон даштааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати “Ҳоҷирасул” ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати “Нури Дален” идома дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин хоҳанд кард.

Ҳамчунин мнабаъ хабар додааст, ки дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст”, - таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд.

Мақомоти вилоят амалӣ шудани чунин иқдомотро дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодӣ ноҳия арзёбӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
бунёд, мурғпарварӣ, Деваштич, Тоҷикистон
Пустые улицы города Душанбе

Бозорҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Душанбе то 15 июн баста мемонанд

19
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо то 15 июни соли 2020 маҳдуд боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

"Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд", - омадааст дар хабарномаи мақомот.

Мақомоти шаҳри Душанбе ҳамчунин хабар медиҳад, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намудааст.

19
Барчаспҳо:
маҳдудият, маҳдуд, сартарошхона, бозор, Душанбе