Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

21-январ рӯзи ҳамраъйӣ бо Шӯҳрат Қудратов баргузор мешавад

1
(Таҷдидшуда 15:06 19.01.2015)
Раҳбарони ҲСД-и Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башар тасмим гирифтанд рӯзи ҳамраъйӣ бо вакили дифоъи саршиноси тоҷик , ки ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст баргузор кунанд ва аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ дархост карданд, ки аз ин тасмим пуштибонӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Маҳпора Киромова. 21-уми январ Рӯзи ҳамраъйӣ бо Шӯҳрат Қудратов эълом шудааст, омадааст дар сафҳаи расмии раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар Facebook.

Таъкид мешавад, ки аз ин тасмим аллакай Шӯрои сиёсии ҲСДТ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз ҲСДТ пешбарӣ шудаанд, созмони "Анҷумани ҳуқуқии Тоҷикистон" ва Анҷумани "Барои демукросӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон" пуштибонӣ кардаанд.

1
Барчаспҳо:
Рӯзи ҳамраъйӣ бо Шӯҳрат Қудратов, "Анҷумани ҳуқуқии Тоҷикистон", ҲСДТ, Раҳматилло Зойиров, Шӯҳрат Қудратов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Интиқоди СҲБ аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд