Дастони баста

Шиканҷа дар ҶТ боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ аст

43
(Таҷдидшуда 15:53 10.02.2015)
Созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллии ҳуқуқи инсон баёнияи муштараке мунташир карда,дар он изҳори нигаронӣ худро аз идомаи мавориди истифода аз шиканҷа дар Тоҷикистон эълом доштанд.Ин дар ҳолест, киТоҷикистон соли 1995 ба Созишномаи манъи шиканҷа пайваста буд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳафт созмони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ аз истифодаи густурдаи шиканҷа дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, рӯзи сешанбе баёнияи муштарак пахш карданд.

Зери ин баёния Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Сандуқи Хелсинкии ҳуқуқи инсон (Лаҳистон), Ҳамгироии байналмиллалӣ барои ҳуқуқи инсон (Белгия), Amnesty International (Лондон), Созмони байналмиллалӣ алайҳи шиканҷа (Женева) имзо мондаанд.

Бист сол қабл, 10 феврали соли 1995 Тоҷикистон ба Созишномаи байналмиллалии зидди шиканҷа пайваст.

"Бо гузашти 20 сол шиканҷа ва адами ҷазои муттаҳамон барои ин кишвар як амри маъмулӣ шудааст, — омадааст дар баёния. — Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ барои муқобала бо шиканҷа дар соли 2014 беш аз 100 мавриди истифода аз шиканҷа ва аъмоли дигари хушунат алайҳи мардҳо, занҳо ва кӯдаконро сабт кардааст. Танҳо дар чанд маврид муттаҳамон муҷозот шуданд".

Зикр шудааст, ки "бештаре аз ҷабрдидагон аз тарси қассос ҳатто шикоят намекунанд".

Ин созмонҳо таъкид мекунанд, ки ба манзури бистумин солгарди оғози иҷрои Созишнома онҳо гузоришеро бо номи "Барои рафъи шиканҷа Тоҷикистон зарур аст иқдомоти зиёдеро рӯйи даст бигирад" таҳия кардаанд, ки дар он вазъи истифода аз шиканҷа ва анҷои дигари хушунат, аз ҷумла дар суфуфи артиш, баррасӣ шудааст.

Яке аз мавориди тозаи мъомилаи хушунатбор, ки дар гузориш зикр шудааст, дар моҳи декабр рух додааст.

Ба иттилоъи созмонҳои ғайридавлатӣ, шоми 4 декабр сокини Панҷакент Самандар Ҷалолзод бобои худро дар кӯча интизор буд ва ӯро ногаҳон маъмурони пулис боздошт ва ба мошини худ савор карданд. Дар шӯъбаи пулис афсарон эҳтимолан Ҷалолзодро бо зарфи обдор ва пойҳояшон задаанд. Баъд аз мудохилаи падари ин ҷавон ӯро ҳамон бегоҳ озод карданд, вале дар ҳеч ҷинояте ӯро муттаҳам накарданд.

"Мусаллам аст, ки Тоҷикистон бояд иқдомоти бештаре барои аз байн бурдани шиканҷа рӯйи даст бигирад", — зикр мекунанд коршиносон ва изофа кардаанд, ки ҳадди аққал дар солгарди пайвастшавӣ ба Созишнома парвандаи Самандар Ҷалолзода бояд таҳқиқ ва муттаҳамон ҷазо дода шаванд.

Дар бораи истифодаи густурда аз шиканҷаи боздоштшудагон созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо мукарраран хабар медиҳанд. Соли гузашта дар пайи ин гуна шиканҷа Умедҷон Тоҷиеви 34-сола ҷони худро аз даст дод. Ба иттилои созмони ғайридавлатӣ, вай натавонист шиканҷаи маъмурони пулисро тоқат кунад ва худро аз ошёнаи севвуми бахши пулиси шаҳри Исфара берун партофт. Ӯро ба бемористон мунтақил карданд, вале баъд аз ду ҳафта ҷони худро аз даст дод.

43
Барчаспҳо:
шиканҷа дар Тоҷикистон, баёния, созмонҳои ҳуқуқи инсон, Умедҷон Тоҷиев, Самандар Ҷалолзод, Панҷакент, Исфара, Тоҷикистон
День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

46
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
46
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

332
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

332
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон