Записи в блокноте

Нигаронии 3 созмони журналистӣ аз дахолат ба ҳаёти хабарнигорон

12
(Таҷдидшуда 17:04 16.02.2015)
Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз даст ёфтани баъзе афрод ба иттилоии хусусии хабарнигорони мустақил ва дахолат ба зиндагии онҳо изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ҳадаф аз ин "ҳамла" бастани даҳони журналистон аст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Се созмони журналистии Тоҷикистон аз "даст ёфтани баъзе афроду гурӯҳҳо ба иттилои шахсии хабарнигорони мустақил" дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд, менависад сомонаи НАНСМИТ.

Иттиҳодияи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо нашри баёнияе гуфтанд, вақтҳои охир нашри аксу сӯҳбатҳои худмонии журналистони мустақил ба унвони "фишори равонӣ" ва "бадном кардани онҳо" сурат мегирад.

"Вақтҳои охир бо таъқибу фишори равонӣ, паҳн кардани иттилоъ дар бораи зиндагии хусусӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мехоҳанд, онҳоро дар назди аҳолӣ бадном кунанд", — таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар ин изҳорот, ки бо имзои Акбари Саттор ва Нуриддин Қаршибоев нашр шудааст, инчунин, гуфта мешавад, ки баъзе афрод бо номҳои мустаор чунин иттилои махфии шахсӣ ва кории журналистонро паҳн мекунанд, ки "баёнгари дастрасии ғайриқонунии онҳо ба иттилоои хусусии хабарнигорон аст". Ба қавли онҳо, объекти чунин ҳамлаҳо бештар журналистоне қарор мегиранд, ки мустақил буда, фикру назар ва мавқеи худро доранд.

Нигаронии ин се созмони журналистии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук "номаҳои махфии" баъзе аз журналистонро чоп карда, ба ҷузъиёти зиндагии онҳо низ дахл намуданд. Ҳарчанд дақиқ шудааст, ки имейли баъзе аз хабарнигоронро "шикастаанд", аммо рӯшан нест, ин номаҳоро воқеан худи онҳо навиштаанд ва ё бо истифода аз имейлу номи онҳо навишта шудааст.

12
Барчаспҳо:
фишори равонӣ, дастдарозӣ, ҳаёти шахсӣ, нигаронӣ, Шӯрои ВАО, Иттифоқи рӯзноманигорон, НАНСМИТ, АМВАОТ, Акбари Саттор, Нуриддин Қаршибоев, Тоҷикистон
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Духтари сесоларо таҷовуз кардааст: суди Душанбе баррасии парвандаи Зиёевро оғоз кард: акс

51
(Таҷдидшуда 22:01 03.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

51
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: 50 ҳолати ҷадид ва шифо ёфтани 72 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

344
(Таҷдидшуда 19:01 03.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироятшавӣ ва шифоёфтагон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ба мисли чанд ҳафтаи охир ягон мавриди фавти маризони коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Зимнан, аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар баробар шудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

344
Барчаспҳо:
омор, сироят, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон