Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Мушкилии интиқоли 4 марзбони асири тоҷик

9
(Таҷдидшуда 14:07 20.02.2015)
КДАМ талош дорад, то аз роҳи бехатар марзбонҳои асируфтодаро то ба Ватан бирасонад.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи бозгардондани чаҳор сарбози рабудашудаи тоҷик дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз ҳалли худро ёфтааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Вале КДАМ талош дорад, то аз роҳи бехатар марзбонҳои асируфтодаро то ба Ватан бирасонад.

Як мақоми аршади нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 19 феврал ба ин расона гуфтааст, ҳоло дар минтақаи Имом Соҳиб ва Қундуз ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангиён идома дорад ва намешавад ҳангоми интиқол додан, сарҳадбонҳои рабудашудаи тоҷикро зери оташ монд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз аҳволи ин чаҳор сарбози рабудашуда ҳамарӯза тариқи телефон огоҳ мешаванд.

Зимнан, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдуҷон Таваккалзода низ дар тамос бо "Озодӣ" иттилоъ додааст, ки ба андозае даргириҳо дар минтақаи Имом Соҳиб шадид аст, ки бар асари гулӯландозиҳо, дару тирезаи онҳо дар ин сӯи марз меларзанд.

Вай афзудааст, ахиран як ҳайати ниҳодҳои сарҳадӣ ва интизомӣ аз Душанбе ба Панҷ омаданд ва дар бораи вазъи марз ва сарҳадбонҳои дар асоратбуда суҳбат кардаанд. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Панҷ, мақомоти Тоҷикистон танҳо мунтазири поён ёфтани ҷангҳо дар минтақаи Имом Соҳиб мебошанд.

Ин чаҳор марзбони тоҷик — Фарҳод Калонов (соли таваллудаш 1996), Сироҷ Давлатов (1991), Тӯйчибоӣ Нурбоев (1996) ва Меҳроҷ Шодиев (1994) мебошанд, ки рӯзи 19 декабр дар ҷазираҳои ҳоили миёни рӯди Омӯ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд. Аз боздошти онҳо расо ду моҳ мегузарад ва онҳо дар асорати гурӯҳи ҷангиёни Толибон дар минтақаи Имом Соҳиби он кишвар қарор доранд.

9
Барчаспҳо:
4 нафар, мушкилӣ, тоҷик, сарҳад, сарҳадбонон, гаравгон, интиқол, КДАМ, Абдуҷон Таваккалзода, Панҷ, Имом Соҳиб, Қундуз, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Р.Раҳмоналӣ: сарҳадбонони рабудашуда ба зудӣ озод мешаванд