Снегопад в Душанбе 24 февраля 2015 года

Ҳавои ноустувор то 26 феврал боқӣ мемонад

7
(Таҷдидшуда 11:48 24.02.2015)
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, то 26-уми феврали соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват намудааст, то 26-уми феврал аз сафар тариқи шоҳроҳҳо ва минтақаҳои куҳӣ худдорӣ намоянд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба оҷонсӣ гуфтааст, тибқи пешгӯиии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ, то 26-уми феврали соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

"Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тамоми шаҳрвандон ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо худдорӣ кунанд, зеро дар пайи боридани барфи зиёд ҳаракат дар бархе аз шоҳроҳҳо душвор ва дар баъзеяш баста шудааст. Агар бисёр зарур бошад, ҳатман маводи ниёзи аввалро бо худ ҳамроҳ бигиранд", — афзудааст Нозимов.

Дар чанд рӯзи охир дар роҳи Душанбе — Хуҷанд дар километри 156, 158, ағбаи Шаҳристон ва Душанбе — Хоруғ дар километрҳои 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, дар мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рушон низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

"Чунин ҳолат дар роҳи Хоруғ — Мурғоб, дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ — Ишкошим дар километри 5,6 ва 8 низ ҷой дорад", — илова кардааст сухангӯи Кумита.

Ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи ду рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду ҳолати маргбори фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 5 нафар ҷон додаанд.

7
Барчаспҳо:
барфрезӣ, монеа, ҳаракат, ҳушдор, худдорӣ аз сафар, ҳавои номусоид, сардӣ, барф, Маркази обуҳавошиносӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Ориф Нозимов, Душанбе, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент ба маъюбони ноҳияи Ванҷ аробача фиристод

113
Ҳамчунин ба ин қишри осебпазир аз номи раисҷумҳур асобағал, асобағали такягоҳӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб, ҳамчунин маблағҳои пулӣ тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кӯмакҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри осебпазири ҷомеаи ноҳияи Ванҷ дастрас гардид, аз ҷумла президент ба маъюбони ноҳия аробача фиристодааст. Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои масъули мамлакат дар ноҳияи Ванҷ ба 59 нафар маюб кумакҳои президентро  расониданд.

"Онҳо аз 14 аробачаи маюбӣ, 10 асобағал, 11 асобағали такягоҳӣ, 12 дастгоҳи шунавоӣ ва 6 таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб иборат буданд. Ҳамчунин, ба маъюбони гурӯҳи якум ба маблағи 1500 сомонӣ ва гурӯҳи дуюм 1000 сомонӣ тақдим гардид", - тавзеҳ медиҳад нашрия.

Манбаъ афзудааст, дар маҷмӯъ, ба 122 нафар табақаи эҳтиёҷманди ноҳия кумак расонида шуд.

 

113
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Дар Суғд Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят таъсис ёфт

29
(Таҷдидшуда 14:10 09.08.2020)
Раиси вилоят мақсади асосии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабукро сарҷамъ шудан ва сари вақт муаммову мушкилиҳои ба миён омадаро баррасӣ ва ҳаллу фасл намудан унвон кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Суғд Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят таъсис ёфт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят дар ин робита бо иштироки масъулин, аз ҷумла роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят ҷаласа ташкил кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш ҳадафи аслии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоятро мусоидат ба рушди саноати сабук арзёбӣ кард.

"Сарҷамъ шудан ва дастгирии ҳамдигарии соҳибкорон заминаи мустаҳкаме ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босурати кишвар мебошад", - таъкид намуд Аҳмадзода.

Раиси вилоят мақсади асосии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабукро сарҷамъ шудан ва сари вақт муаммову мушкилиҳои ба миён омадаро баррасӣ ва ҳаллу фасл намудан унвон карда, зикр дошт, ки танҳо бо иттиҳод ва дастгирии ҳамдигарӣ метавон ба муваффақиятҳои бештар ноил шуд.

Имрўз вилояти Суғд иқтидори коркарди сиюҳашт ҳазору панҷсад тонна пахтаро дорад. Ва ин имконият ва иқтидорро истифода кардан ба талошҳои пайвастаи соҳибкорон ва ҳамкории байниҳамдигарии онҳо вобаста аст.

Ду корхонаи Суғд аҳолиро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин хоҳад кард

Ҷалби сармоягузорон, истифодаи имкониятҳои дохили кишвар, ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги кишвар имкон фароҳам меорад, ки ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва вазъи иҷтимоии ҷомеа беҳтар шавад.

Зимни суҳбати ошкорову судманд, роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят низ арз доштанд, ки таъсиси чунин як иттифоқ имкон медиҳад, фаъолияти корхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шуда, хамкории миёни ширкатҳо густариш ёбад. 

Дар ҷаласа бо пешниҳоди аъзои Иттифоқи корхонаҳои саноати сабук Даврон Ахмедов раиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят интихоб гардид.

29
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

0
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

0