Ҷаласаи нахустини парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон дар соли 2015

Раҳбарони кумита ва комиссияҳои парлумони ҶТ интихоб шуданд

24
(Таҷдидшуда 10:47 18.03.2015)
Имрӯз, 17-уми март Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони МО, муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои парлумони ҶТ таъсис дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе сурат пазируфт, роҳбарони кумита ва кумиссияҳои парлумони кишвар интихоб шуданд, менависад сайти сарвари давлат.

Ба қавли манбаъ, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва овоздиҳии вакилон дар палатаи поёнии парлумони мамлакат 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт.

Ҳамин тавр, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода раиси Кумитаи иқтисод ва молия интихоб гардид.

Зимнан, Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, генерал-майори милиса Ҷӯрахон Маҷидзода, собиқ сарвари РМБҶМ ВКД ва роҳбари пешини Академияи милиса, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб шуданд.

Пешвои Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ба ҳайси  раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология пазируфта шуд.

Олим Салимзода  раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Лутфия Раҷабова, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Абдураҳим Холиқзода, собиқ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҶТ, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ интихоб гардиданд.

Ҳамзамон, раиси пешини корхонаи "Талко" Садриддин Шарипов, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб шуд.

Манбаъ меафзояд, раиси ҲИТ Олимҷон Бобоев, раиси Комиссияи экологӣ, Муродулло Давлатзода, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода,   раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор интихоб гардиданд.

Ба ҳамин тартиб, Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд.

24
Барчаспҳо:
роҳбарони кумита ва комиссияҳои парлумон, интихоб шуданд, Кумитаҳои парлумон, парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Муродулло Давлатзода, Олимҷон Бобоев, Олим Салимзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Лутфия Раҷабова, Маҳмадалӣ Ватанов, Ҷӯрахон Маҷидзода, Садриддин Шарипов, Абдураҳим Холиқзода, Шукурҷон Зуҳуров, Рустам Латифзода, Шариф Раҳимзода, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Парлумони Тоҷикистон дар арафаи интихобот