Нашри “Наврӯз-шиносномаи миллат” –и Раҳмон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои президенти кишвар, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ баён гардидаанд, гирд оварда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нашриёти «Адиб»  китоберо аз суханрониҳо ва маърӯзаҳои Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони  «Наврӯз —шиносномаи миллат» бо забони тоҷикӣ ба нашр расонд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои президенти кишвар, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ  баён гардидаанд, гирд оварда шудаанд.

Мураттибони китоб Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ саъй намудаанд, ки дар китоби мазкур  қисмате аз суханрониҳои сарвари давлатро, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ ироа гардидаанд, таҳти дебочаҳои  «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои  неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз —пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати  тоҷик аст» гирд оранд.

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

Маврид ба тазаккур аст, ки Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор буда, пайдоиши онро ба аҳди қадимтарин шоҳ-Каюмарс ва таҷлили Наврӯзро ба давраи салтанати шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Бо назардошти асолати бузурги иҷтимоию фарҳангӣ ва қадимию таърихӣ доштани Наврӯз бо Қарори Маҷмааи кулли  Созмони Миллали Муттаҳид панҷ сол муқаддам (соли 2010) Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.  

Лентаи хабарҳо
0