Телефони ҳамроҳ (мобилӣ)

Болоравии арзиши иртиботи мобилӣ дар ҶТ

14
(Таҷдидшуда 10:07 02.04.2015)
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҶТ” аз 18 марти соли 2015, шурӯъ аз 1 апрел андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва ин тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар бораи баланд бардоштани андози аксизии истифода аз воситаҳои алоқа кулли ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ иттилоъ доданд.

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҶТ" аз 18 марти соли 2015, шурӯъ аз 1 апрел андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва ин тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифт, иттилоъ дода мешавад дар сайтҳои ширкатҳои Tcell, Билайн-Тоҷикистон, Мегафон-Тоҷикистон ва Вавилон-мобайл.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти он, ки аз имрӯз, 1-уми апрел, андози аксизӣ аз 3 ба 5 дарсад боло бардошта шудааст, нархи хизматрасониҳои ин ширкатҳо низ ба ҳисоби миёна 2 дарсад боло бурда мешавад.

Ин иттилоъро ширкатҳои мобилии пешсафи кишвар, аз қабили Tcell, Beeline, Megafon-Тоҷикистон таъйид карда, афзуданд, ки ин иқдом ба боло рафтани андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ рабт дорад.

"Бо назардошти боло рафтани андози аксизӣ то 11-уми апрел нархи хизматрасониҳои ширкати "Вавилон-Мобайл" ба андозаи ду дарсад боло бардошта хоҳад шуд",- гуфтанд дар ин ширкат.

Аввали моҳи март Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд ва тағйирот аз аз имрӯз расман мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2014 Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки "дар Тоҷикистон операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра.

 

14
Барчаспҳо:
2% афзудани нархи алоқаи мобилӣ, то 5, арзиши мухобирот боло рафт, Билайн-Тоҷикистон, "ТТ-Мобайл" ("Мегафон Тоҷикистон"), Мегафон-Тоҷикистон, "Babilon-M", Tcell, Тоҷикистон
Грузовик с товарами, архивное фото

Роҳҳоро ифлос мекунед: чаро дар Суғд мошинҳои боркашоро ҷарима мекунанд

3
(Таҷдидшуда 11:09 28.10.2020)
Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар Суғд ба ронандагони мошинҳои боркаш ҳушдор медиҳад, ки минбаъд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз болопӯши ҳимоявӣ истифода баранд, то роҳро ифлос накунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Кормандони БДА дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок нисбати 20 нафар ронандаи боркашон маводи маъмурӣ тартиб додаанд, гузориш медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон ба чанде аз роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ барои рафъи камбудиҳо амрномаҳо дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаҳои мазкур  тариқи ҷодаҳои нақлиётгарди маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ҳамарӯза кашонидани борҳои пошхӯрандае аз қабилу хоку шағал тавассути нақлиётҳои боркаш машғул буда, роҳро ифлос мекунанд.

Ба иттилои БДА маҳз бо ҳамин сабабҳо дар чорроҳа ва кӯчаҳои асосӣ рехтаҳои шағалу хок тозагии шаҳри Хуҷандро ифлос мекунад. 

"Мутассифона ронандаҳо ва ягон нафар аз роҳбарони ташкилоту корхонаҳое, ки аз хизматрасонии кирояи ин нақлиётҳои боркаш истифода мебаранд, барои тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо чораҷӯӣ намекунанд ва сари ин масъала ташаббусе ҳам нишон намедиҳанд. Тавсияву дастур ба ронандаҳои боркаш ҷиҳати пӯшонидани бордони нақлиёт тавассути пардаҳои сахти резинӣ кифоя аст, ки пеши чунин бетартибии ислоҳшаванда гирифта шавад", - мегӯяд манбаъ.

БДА аз  ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ва роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ талаб мекунад, ки иҳати тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо масъулият ҳис кунанд. Ба ҳолатҳои бепардаи ҳимоявӣ кашонидани борҳои пошхӯранда роҳ надиҳанд ва хислати покизакорӣ нишон дода, оини шаҳрдориро риоя намоянд.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 291 қисми 2 барои ифлос кардани роҳ ва бавуҷуд овардани монеа барои ҳаракат дар роҳ ба шахсони воқеъӣ ба андозаи аз 5 то 7 нишондиҳанда ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва моддаи 322 барои бо нақлиёт кашонидани борҳои пошхуранда, ки пардаи ҳимоявӣ надоранд, ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ муқаррар кардааст.

 

3
Денежные купюры, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл боз боло рафт? - эъломи Бонки миллӣ

66
(Таҷдидшуда 10:44 28.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10.3396 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3396 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12.2328  сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз дар бозори нақд  0.1348 то 0.1380  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

66