Кувайт. Акс аз бойгонӣ

Амири Кувайт ба номаи президенти Тоҷикистон посух дод

16
Ин нома дар ҷавоб ба табрикоти президенти Тоҷикистон аст, ки Амири Кувайтро бино бар солгарди 20-уми барқарории равобити дипломатӣ табрик карда буд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии равобити дипломатии ду кишвар посух додааст, менависад сомонаи президент.

Амири Кувайт Тоҷикистонро дӯст номида, гуфтааст, ки "бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 солагии барпо шудани равобити дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам".

"Барои таманниёти некатон мо низ Шуморо ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷониба, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносӣ фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак ба самтҳои фарохтар таъкид менамоем", — омадааст дар матни нома.

31-уми март Эмомалӣ Раҳмон Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба муносибати 20-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар табрик карда буд.

Президент Раҳмон дар паёмаш гуфта буд, ки "хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳҳатии комил ва дар амри идомаи раҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям".

16
Барчаспҳо:
дипломатия, робита, 20 сол, посух, нома, табрикот, Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Кувайт, Тоҷикистон
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

133
(Таҷдидшуда 12:48 05.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2793 то 10.2900 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5570 то 11.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1480 то 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2793 сомонӣ, 1 евро – 11.5570 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1480 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

133
Барчаспҳо:
қурби асъор, арзиши рубли русӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

727
(Таҷдидшуда 12:53 05.06.2020)
Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 барои якқатор соҳаҳо имтиёзҳо дод

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 5 июни соли 2020 аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.

  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;
  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

Ҳамчунин аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

  • фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;
  • бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
  • нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;
727
Барчаспҳо:
имтиёзҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон