Бинои Ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Муовини раҳбари АНМН барканор шуд

3
Муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардидааст, аммо сабаби сабукдӯш шудани ӯ шарҳ дода нашудааст.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар Маҳмудзода Ҳалими Ҳабибулло бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардидааст, менависад сайти президенти ҶТ.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, фармони барканории Маҳмудзодаро рӯзи 7 апрел Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт. Аммо дар ин фармон, ки таҳти рақами 430 содир шудааст, далели барканорӣ ва ё ба кори дигар гузаштан ё нагузаштани Ҳалим Маҳмудзодаро зикр накардаанд. Ӯ дар соли 2014 муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар таъин шуда буд.

Полковник Ҳалим Маҳмудзода аз собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, қаблан дар вазифаҳои Сардори раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд кор кардааст.

3
Барчаспҳо:
сабукдӯш гардид, муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барканор шуд, АНМН, Маҳмудзода Ҳалими Ҳабибулло, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон