Давлатов аз “Вечёрний Душанбе” 102 000 сомонӣ ҷуброни маънавӣ мехоҳад

© SputnikНақлиёти мусофирбар дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нақлиёти мусофирбар дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раҳбари корхонаи нақлиётӣ қасд дорад аз ҳафтаномаи пойтахт ва хабарнигори он барои чопи матлаби интиқодӣ ҷубронпулии ҳангуфт талаб кунад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Муовини раиси корхонаи "Душанбенақлиётхизматрасон" Ҷумъахон Давлатов аз ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" барои нашри матлабе, ки дар он аз вазъи корхонаҳои нақлиётӣ ва вазъи автобусҳо интиқод шудааст, ба додгоҳ шикоят бурд, менависад хабаргузории "Авеста".

Дар шикояти худ ин мақом талаб дорад, ки ҳафтанома 101,5 ҳазор сомонӣ ва муаллифи матлаб 1,5 ҳазор сомонӣ барои ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунанд.

Дар матлаби Ҷамила Ҳусейнова "Барои чӣ корхонаҳои нақлиётӣ ба қабристони автобусҳо табдил мешаванд?" дар бораи корхонаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе, ки дар онҳо даҳҳо адад автобусҳову троллейбусҳо бекор мондаанд, ҳикоят мешавад. Қаблан Ҷумъахон Давлатов ин корхонаро раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи ин мақом, нашри ин матлаб боис шудааст, ки вазъи саломатиаш бад шуда мизони қанд дар хунаш боло рафтааст.

Муассиси нашрия Акбари Саттор бар ин назар аст, ки матлаб воқеъбинона навишта шудааст ва ҳадаф дорад дар додгоҳ ба унвони ҷавобгари ҳамшарик ширкат кунад.

Лентаи хабарҳо
0