Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифоъ нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро мекунад

10
Ҳоло танҳо дар вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ даъвати баҳорӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 99, 5 дарсади нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дода мегӯяд, қабл аз муҳлати пешбинишуда нақшаро иҷро мекунанд, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтаанд, нақшаи даъватро аввалин шуда вилояти Хатлон иҷро кардааст. Ба дунбол комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар додаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло дар вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад ва дар назар аст, пеш аз муҳлат нақша 100% иҷро шавад.

Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.

10
Барчаспҳо:
100, иҷро, нақша, даъвати баҳорӣ, Вазорати дифоъ, Тоҷикистон
Кадры разрушенных домов после землетрясения в Раштском районе

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

21
(Таҷдидшуда 12:25 10.07.2020)
Хисороти заминҷунбӣ дар Тоҷикобод муайян шуда, феълан масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Гурӯҳи кории байниидоравӣ хисороти заминҷунбӣ дар деҳоти ноҳияи Тоҷикободро муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

"Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб дидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, санҷиш нишон дод, ки хонаҳои аз заминҷунбӣ зарардида дар солҳои 70-80-уми асри гузашта бидуни риояи қойидаҳо ва меъёрҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ бунёд шудаанд. Заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст.

Айни замон масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ ва ҳаллу фасл мешавад.

Барои муайян кардани хисороти заминларза гурӯҳи корӣ ба Тоҷикобод рафт

Хотирнишон менамоем, ки 4 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминдарза ба кайд гирифта шуд. Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод: чанд манзили сокинон хароб шуд

21
Барчаспҳо:
ҳисоб, хисорот, заминҷунбӣ, Тоҷикобод
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон
доллары и сомони, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

59
(Таҷдидшуда 12:24 10.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 10 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1454 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3096 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6973 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1454 то 0.1470 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3096 сомонӣ, 1 евро – 11.6973 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1454 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

59
Барчаспҳо:
қурби асъор, сомонӣ, асъори хориҷӣ, Тоҷикистон