Вазорати дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Иҷрои 100 дарсадии нақшаи даъвати баҳорӣ

13
Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кардааст, ки қабл аз ҳама вилояти Хатлон аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ баромад.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи вазорати дифои Тоҷикистон 100 дарсад иҷро шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтааст, қабл аз дигар минтақаҳо вилояти Хатлон нақшаро иҷро кард. Дар навбати дувум 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар додаанд. Вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ низ қабл аз муҳлати муайяншуда нақшаро иҷро кардаанд.

Маҳмадалиев афзудааст, зимни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи бархе волидон шикоятҳое низ ироа шудааст.

"Масалан, баъзан волидон мехостанд, ки фарзандашон дар ин ё он ноҳия рафта хизмат кунад. Тибқи талаботи қонун ин дархостҳои онҳо баррасӣ мегардид", — гуфтааст сухангӯи вазорат.

Фариддун Маҳмадалиев иброз доштааст, дар қиёс ба солҳои пеш теъдоди ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ афзудааст.

"Бубинед, дар 3 рӯзи аввал аллакай 3 ноҳия аз иҷрои пурраи нақша баромаданд, ки ин аз зиёд гардидани ихтиёриён гувоҳӣ медиҳад", — гуфтааст масъули вазорат.

Дар 42 рӯзи даъвати баҳорӣ нақша сад фоиз иҷро гардид, вале то охири моҳи май Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кори худро идома медиҳад, гуфтааст Маҳмадалиев.

13
Барчаспҳо:
шикоят, ихтиёрӣ, 100 дарсад, даъвати баҳорӣ, иҷрои нақша, Вазорати дифоъ, Фаридун Маҳмадалиев, Хатлон, Тоҷикистон
Ложка мед

Зиндагии ширин: дар Тоҷикистон тайи 5 моҳ 23 тонна асал истеҳсол шудааст

4
Тамоми миқдори асали гирифташуда танҳо дар як минтақаи кишвар — вилояти Хатлон истеҳсол карда шудааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар Тоҷикистон 4,6% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз моҳҳои январ то май, дар қаламрави вилояти Хатлон 23 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, асал бештар дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад ва қисми он ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва АМА содирот карда мешавад.

Вазорат инчунин дар бораи омодагӣ корхонаи канадагӣ “Hantana Canada Inc” ба истеҳсоли асал дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд гузориш медиҳад.

Тоҷикистон нақша дорад ба Амрикову Аврупо ва Арабистон асал содир намояд

Дар назар аст, ки ширкат дар як сол то 55 тонна асал тавлид кунад ва маҳсулоташро ба Иёлоти Муттаҳида, Канада, Арабистони Саудӣ, АМА ва кишварҳои ИА содир кунад.

4
День 5 июль

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

17
(Таҷдидшуда 20:10 04.07.2020)
Рӯзи панҷуми июл дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият, дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон, дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия ва дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ мебошад

Рӯзи 5 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1841  Томас Кук  аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушод.

День 4 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шуд.

Соли 1918 Ҳизби коммунистии Украина таъсис дода шуд.

Соли 1924 дар Порис маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.

Соли 1954 аввалин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 1994 дар Чин истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.

День 3 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2001 дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 10 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе Аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.

Соли 2013 Президент дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дод. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.

Соли соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Соли 2019 хабар дода шуд, ки паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл

  • Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

Рӯзи 5 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 182 — Сун Тсюан (соли даргузашт - 252), аввалин шоҳи қарни Се салтанат дар Чин.

Соли 1802 — Павел Нахимов (даргузашт 1855), адмирали рус.

Соли 1857 - Клара Тсеткин (даргузашт 1933), фаъоли ҳаракати коммунистӣ ва олмонӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1914 – журналист Ноёбшо Бодурбеков.

Соли 1930 – журналист Мадориф Шарифзода.

Соли 1931-1990 – олим - адабиётшинос Абдуллоҷон Ғаффорзода.

Соли 1933 – журналист Нусратшо Таваллоев.

Соли 1936 – доктор, профессор Муқаддама Ашрафӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 1971 — Муҳаммадҷон Қосимов (соли таваллуд 1907), ҳунарманди тоҷик.

17
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон