Қисми низомии марзбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе меоянд

9
(Таҷдидшуда 13:56 01.06.2015)
Роҳбарони вазороти мудофиаи СПАД дар Душанбе масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии созмонро муҳокима менамоянд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Аз 2 то 4 июни соли равон вазирону дифоъи киварҳои аъзои СПАД ба Душанбе меоянд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба ВКХ ҶТ.

"Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе таҳти раёсати Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон баргузор мешавад",- менависад манбаъ. 

Роҳбарони вазороти мудофиаи СПАД дар Душанбе масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии созмонро муҳокима менамоянд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар Душанбе мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар назар аст.

Дар кори ин ҷаласа инчунин вазирони мудофиаи Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон иштирок мекунанд. 

 

9
Торжественное открытие здания средней школы № 33 в Спитаменском районе

Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаб бунёд кард

12
(Таҷдидшуда 15:14 29.09.2020)
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутахассисони ин ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ташаббуси Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба истифода дода шуд.

Бино ба гузориши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи он Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯрои Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" Хуснутдин Хасилов, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони аҳли илму маорифи давлатҳо, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат доштаанд.

Гуфта мешавад, ки бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 28 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, санъати тасвирӣ, устохонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, дафтарҳои кории директору омӯзгорон, ошхона, толори варзишии пӯшида, майдони берунӣ ва китобхонаи замонавӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи муассиса меҳмонон муассиса ва сифати корҳои сохтмонӣ дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса суҳбат намудаанд.

Зикр шудааст, ки бунёди муассисаи мазкур баёнгари дӯстии пояндаи ҳарду миллат буда,  дар чунин шароит аҳли маориф  барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу тарбия донишу маҳорати хешро истифода мебаранд.

Манбаъ афзуда, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳомии "Ӯзбекистон темир йулларӣ" анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутахассисони ин ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.

12
Барчаспҳо:
бунёд, мактаб, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Взятка, архивное фото

Боздошти муовини раиси ҷамоати Ҳисор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ: 15 000 сомонӣ талаб кард

189
(Таҷдидшуда 14:15 29.09.2020)
Муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳини гирифтани 7 000 сомонӣ аз 15 000 маблағи дархостияш ба даст афтод

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ожонси зидди фасод аз боздошт шудани як мақомдори шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Ба иттилои котиботи ожонсии мазкур, кормандони ин ниҳод муовини раиси ҷамоаити деҳоти Ҳисорро дастгир намуданд, ки дар ғайриқонунӣ фурӯхтани замини наздиҳавлигӣ муттаҳам дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, Зокиров Зокирҷон Асатуллоевич, ки дар вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор кор мекард, моҳи майи соли ҷорӣ аз шаҳрванд "А" барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағ талаб намуд.

Боздошти раиси як ҷамоати ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми заминфурӯшӣ

Номбурда барои замини наздиҳавлигӣ, 15000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ,  8000 сомониашро пешакӣ гирифта буд. Сипас аз нафари корафтода, боқимонда 7 000 сомонии дигарро низ талаб кард.

Ожонси зидди фасод мегӯяд, Зокиров аснои гирифтани 7 000 сомонии боқимонда аз шаҳрванд "А"  ба даст афтод.

Зикр мегардад, ки айни замон нисбати Зокиров бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

189
Барчаспҳо:
заминфурӯшӣ, боздошт, Ожонси зидди фасод, Ҳисор