Нашъа. Акс аз бойгонӣ

Кашфи 31,5 ҳазор ниҳоли бангдона дар як хоҷагии деҳқонии вилояти Суғд

5
(Таҷдидшуда 14:33 03.06.2015)
Кормандони фаврии АНМН дар заминҳои бекорхобидаи як хоҷагии деҳқонии вилояти Суғд ба миқдори зиёд ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Гурӯҳи вижаи АНМН дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 1,5 гектар 31 500 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд, менависад сомонаи Агентии мазкур.

Ин чорабинӣ муштаракан бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2015" баргузор шуд.

"Дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 1,5 гектар 31 500 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор гардид"- меафзояд манбаъ.

Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Амалиёти сартосарии "Кӯкнор-2015" дар охири моҳи май шурӯъ гардида, дар ду марҳила, аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли равон идома меёбад.

5
Барчаспҳо:
маводи мухаддир, сӯзонида шуданд, дарёфти миқдори зиёди нашъа, Кӯкнор-2015, хоҷагии деҳқонии Бобохон Ҳамдамов, АНМН, ноҳияи Ҷаббор Расулов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ
Кашфу мусодираи 75 кило нашъа дар бағочи худрави Lexus дар Душанбе
Служба в армии, архивное фото

Сарбоз 17 сангпора хӯрд, ки аз аскарӣ раҳо шавад: ба хизмат тоб наовардааст

6
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҳукми сарбозеро содир кардааст, ки бо хурдани сангпораҳо ва узвмаъюбкунӣ мехост аз хизмати ҳарбӣ раҳо шавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ сарбози қаторӣ Отабек Ибрагимов зимни даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди ҳукумати қумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хизмати низомиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

“Бо ин мақсад номбурда 7 адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, номбурда бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31декабри соли 2019 қарор доштанаш боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин амалкард, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Ибрагимов Отабекро бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум кардааст.

6
День 9 июля

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

35
(Таҷдидшуда 20:44 08.07.2020)
Рӯзи нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии теннис буда, дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ, дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият ва дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.

Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.

День 8 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия  (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.

Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин  элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий»  номгузорӣ намуданд.

Соли 1961  Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.

Соли 1988  варзишгари немис  Габриэла Ранш барои партофтани гурз  ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.

Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Германия дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Соли 2012  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл

  • Рӯзи байналмилалии теннис.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст

1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри  XX.

1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.

1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.

1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).

1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор  "Золотой глобус".

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1941-2008 – нависанда  Азиз Раҳим.

1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.

35
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон