Акс Хисрав Бобозода дар сомонаи ВКД ҶТ

Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон иваз шуд

100
(Таҷдидшуда 18:10 03.06.2015)
Фирори собиқ фармондеҳи ОМОН ба Сурия ва пайвастанаш ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” боис шуд, ки дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, ба вижа дар Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД тағйироти кадрӣ ба вуҷуд биёяд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Хисрав Бобозода фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД таъйин шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Ин сарҳанг бар курсии Хуршед Муҳаммадзода, ки раҳбари ОМОН таъйин шуд, такя задааст.

"Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст", — омадааст дар хабари сомона.

Тавре ВКД иттилоъ медиҳад, Бобозода Хисрав Хоркаш, рутбаи полковникӣ дошта, 40 сол умр дорад. Вай аз соли 1993 дар сафи мақомоти қудратӣ хизмат мекунад.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Хисрав Бобозода ба ҳайси командири гурӯҳи таъиноти махсуси қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, муовини командири ротаи Баталёни десантии Вазорати мудофиа, командири дастаи таъиноти махсуси Бригадаи 7-уми алоҳидаи десантии Вазорати мудофиа, командири Баталёни десантии Бригадаи алоҳидаи Вазорати мудофиа, муовини командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, сардори ситод ва ғайра фаъолият доштааст.

Сомона шарҳи ҳоли Муҳаммадзодаро низ, ки то ин дам фармондеҳии қӯшунҳои дохилии ВКД-ро бар дӯш дошт ва инак сардори ОМОН таъйин шудааст, овардааст.

Ба навиштаи ВКД, Муҳаммадзода Хуршед Изатулло, рутбаи полковникӣ дошта, соли 1972 таваллуд шудааст. Вай аз соли 1990 дар сафи мақомоти қудратӣ хизмат мекунад. Мукофотҳои Ҳукуматии ордени "Спитамен" ва медали "Ҷасорат"-ро дарёфтааст.

Муҳаммадзода давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз ҷумла дастурдеҳи калони қисми ҳарбии 26251 Вазорати мудофиа, командири взводи Бригадаи 4-уми таълимии савораи тирандози Вазорати мудофиа, ёрдамчии сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра будааст.

Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД таъйин гардидааст.

100
Барчаспҳо:
фармондеҳ, полковник, тағйирот, кадр, таъйин, ОМОН, ВКД, Хуршед Муҳаммадзода, Гулмурод Ҳалимов, Хусрав Бобозода, Тоҷикистон