Бозори Корвон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумат хост санҷишҳои беасос кам шаванд

12
(Таҷдидшуда 15:41 30.06.2015)
Дар зимни ҷаласаи ҳукумат, ки 30 июн дар Душанбе барпо шуд, лоиҳаи ҷадиде барои баррасӣ ба парлумон ирсол гардид, ки санҷишҳои субъектҳои хоҷагидориро кам мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи худ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави қонунеро тасдиқ кардааст, ки ҳадафи он пешгирӣ аз санҷишҳои беасос, дурудароз ва такрории соҳибкорон аз ҷониби мақомот мебошад, менависад сомонаи президент.

Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рўз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рўз, барои субъектҳои хурд 2 рўз муқаррар гардидааст", — менависад сомона.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари лоиҳаи қонун "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" инчунин лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи иҷозатдиҳӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Инчунин дар ҷаласаи ҳукумат аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оиларо тасдиқ намудааст.

Баъди тасдиқи ин ҳайат, нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шудааст.

Дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон, нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар кишвар барои солҳои 2015 —2018, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика барои солҳои 2015-2020, қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президенти Тоҷикистон, тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, баррасӣ гардидаанд.

12
Барчаспҳо:
субъектҳои хоҷагидорӣ, тафтиш, баррасӣ, пешниҳод, лоиҳаи қонун, Ҳукумати Тоҷикистон, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Коронавирус даромади буҷети Тоҷикистонро кам кард

11
(Таҷдидшуда 02:01 02.07.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нақшаи ҳукумати кишвар барои коҳиши бахши даромадии буҷети соли 2020 ба далели вируси коронаро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти порлумонӣ гуфт, касри буҷети ҳукумат ба далели афзоиши ҳазинаҳои вируси корона дар соли ҷорӣ ба ҳудуди се миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ин ру дар соли ҷорӣ илова бар ҳазинаи бахшҳои иҷтимоӣ, манобеи молии сандуқи бознишастагӣ ва ҳуқуқу дастмуздҳои кормандон ба маблағи як миллиарду 822 сомонӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, бахши даромадии бюджети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 ба мизони 20 миллиарду 349 миллион сомонӣ таъин шуда буд.

Ҳамчунин коҳиши маблағгузорӣ барои нақшаҳои зербиноӣ ба мизони 977 миллион сомонӣ ва буҷети созмонҳои давлатӣ ба мизони 81 миллион сомонӣ дар назар мебошад.

Аммо барои ҳимоят аз кодри дармонии Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона ва идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ илова манобеи қаблии таъин шуда дар бюджети ҳукумати Тоҷикистон як миллиарду 900 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.

11
Барчаспҳо:
коҳиш, Ҳукумат, вирус, даромад, Тоҷикистон
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд

Марзҳои баста дар даврони вирус монеа нашуд: гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон афзоиш ёфт

53
(Таҷдидшуда 10:21 02.07.2020)
Аз оғози имсол то кунун гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, аз моҳи январ то майи соли равон гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 871 миллион доллар буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 миллион доллар бештар будааст.

Сотрудницы предприятия по переработке плодовоовощной продукции
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Аз январ то моҳи май Тоҷикистон маҳсулоте ба арзиши ҳудуди 558 миллион доллар содир кард, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 74 дарсад, муодили 238 миллион доллар бештар аст.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 108 кишвари ҷаҳон равобити тиҷорӣ дошт.

Бештари маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон ва Узбакистон содир шуд.

Сангҳо ва филизоти гаронбаҳо ва нимақиматӣ, маҳсулоти маъданӣ (семент, сангҳои гаронбаҳо, ангиштсанг, барқ), маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти он, филизоти поя ва маҳсулоти ҳосил аз онҳо аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат як миллиарду 273 миллион доллар коло ба Тоҷикистон ворид шуд, ки 2 дарсад (муодили 29 миллион доллар) камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта буд.

Маҳсулоти маъданӣ, фаровардаҳои нассоҷӣ, маҳсулоти кимиёӣ, фаровардаҳои ғизоӣ, филизоти поя ва филизот, маҳсулоти гиёҳӣ аз ҷумлаи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон будааст.

Русия (гардиши молии тиҷорати дуҷониба 420 миллион доллар) , Қазоқистон (391 миллион доллар) , Швейтсария (306 миллион доллар), Чин (189 миллион доллар), Туркия ( 140 миллион доллар) ва Узбакистон (116 миллион доллар) шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра буданд.

53
Барчаспҳо:
марз, вирус, гардиши мол, гардиши молу коло, афзоиш, маҳсулот, Тоҷикистон