Бинои Шабакаи аввал. Акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар Шабакаи аввал ва “Ҷавонони Тоҷикистон”

60
Ин дуввумин тағйироти кадрӣ дар расонаҳои давлатӣ аст, ки давоми як моҳи ахир анҷом дода шуд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Айниддин Самаруддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти президенти кишвар таъйин шудааст, менависад АМИТ "Ховар".

Самаруддин то ҳол ба ҳайси директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин симмат Суҳроб Рауфов таъйин гардид.

Инчунин Самаруддин Асоев, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Атохоҷа Мирзоҷалоловро иваз кард, ки қаблан муовини раиси Иттифоқи нависандагони кишвар интихоб шуд.

Ҳамин тариқ, Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият", Назаров Умед Абдураҳимович, муовини аввали директори муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" таъйин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзудааст, ки Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" озод карда шудааст.

Қаблан бо қарорҳои ҳукумати кишвар сармуҳаррири "Ҷумҳурият", директори АМИТ "Ховар", Радиои Тоҷикистон, Телевизиони Сафина, Телевизиони Баҳористон иваз шуда буданд.

60
Барчаспҳо:
расонаҳои давлатӣ, кадрӣ, тағйирот, Ҷавонони Тоҷикистон, "Садои Душанбе", Шабакаи аввал, "Ҷумҳурият", Моҳира Сангмадова, Умед Назаров, Суҳроб Рауфов, Самаруддин Асоев, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (93)
Портфель с документами

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир фаъолияти беш аз 12 ҳазор соҳибкор қатъ гардид

9
(Таҷдидшуда 02:16 05.08.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.

Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

9
Барчаспҳо:
фаъолият, Ожонси омор, иҷозатнома, соҳибкор, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

53
(Таҷдидшуда 21:48 04.08.2020)
Рӯзи панҷуми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ таҷлил мешавад. Дар Хорватия Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 5 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 1886 дар ИМА аввалин шумораи рӯзномаи "Америка" бо забони украинӣ нашр шуд.

Соли 1924 дар Туркия бисёрзанӣ манъ карда шуд.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1949 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Перу зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1999 Эквадор, Ирландия, Казоқистон, Малайзия ва Тунис барои беяроқгардонии кишварҳояшон ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид шомил шуданд.

Соли 1891 аввалин маротиба дар Амрико расиди сафарии "американ экспресс" ба роҳ монда шуд.

Рӯзи 5 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи  футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар миёни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.

День 2 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи мутақобила"-ро имзо намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010  Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон изҳороти матбуотӣ баён намуданд.

Соли 2010 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон

 

Соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистону Кипр «Стар Мост» ба фаъолият оғоз кард.

Сли 2011 дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе  Амфитеатр ба истифода дода шуд.

 

Сад Ирам, бывший ботанический сад
© Sputnik / Амир Исаев
Сад Ирам, бывший ботанический сад

 

Ҷашнҳои рӯзи 5 август

  • Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ (светофор).
  • Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.

Рӯзи 5 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1930-2005) – ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Раҳмон Сафаров.

Соли 1944 – рассом, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Юсуфҷон Сангов.

Соли 1947 – нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов.

53
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон