Телевизор

Шӯрои бадеӣ муҳтавои барномаҳои ТВ-ро назорат мекунад

25
(Таҷдидшуда 11:32 10.07.2015)
Аз ин ба баъд муҳтавои барномаҳои шабакаҳои Кумитаи ТВ-ро Шӯрои бадеӣ назорат мекунад ва барои пахши барномаҳо ризоият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон як Шӯрои бадеӣ ташкил шудааст, ки минбаъд муҳтавои барномаҳои телевзионҳои давлатиро назорат мекунад, гуфт Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи ТВ.

"Ин Шӯро муҳтавои барномаҳо ва гузоришҳое, ки аз ҷониби вазорату кумитаҳо ба шабакаҳои телевизионӣ фиристода мешаванд, назорат мекунад ва барои пахшашон ризоят медиҳад", — илова карда Пиров.

Вай афзуд, тағйироти кадрие, ки ахиран сар карда дар худи кумита ва тамоми шабакаҳои телевизионӣ роҳандозӣ шуд, танҳо ба хотири беҳтар кардани муҳтавои барномаҳост.

Ба иттилои раиси кумита, феълан ин ниҳод ва шабакаҳои давлатӣ аз ҷиҳати техникӣ ҳеч мушкил надоранд.

"Танҳо масъалаи кадрҳои баландихтисос аст. Мо барои пайдо кардани мутахассисон озмун эълон кардем. Мехоҳем афроди бо тахассусиро ба кор ҷалб кунем", — афзуд Пиров.

Кумитаи ТВ феълан дар ихтиёри худ 4 шабакаи телевизионӣ ва 4 шабакаи радиоӣ дар ихтиёр дорад.

25
Барчаспҳо:
назорат, таъсис, Шӯрои бадеӣ, муҳтавои барномаҳо, нишаст, Кумитаи телевизион ва радио, Маҳмадсаид Пиров, Душанбе
Мавзуъ
Тағйироти кадрӣ дар Шабакаи аввал ва “Ҷавонони Тоҷикистон”
Тағйироти бузурги кадрӣ дар бахши ВАО-и давлатӣ
Преступник за решеткой

Баъди алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ: мард 70 ҳазор пешниҳод кард, ки аз ҷавобгари халос шавад

20
(Таҷдидшуда 00:57 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 28-сола хабар медиҳад, ки баъди алоқаи ҷинси бо духтари ноболиғ боздошт шудаву барои раҳоияш аз ҷавобгарӣ пора пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод,  боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намудааст.
“Баъдан номбурда санаи 18-уми сентябри соли 2020 бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад, ки ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аммо ВУД дар бораи шахсияти боздоштшуда иттилои бештаре надодааст.

20
Денежные купюры.

Коҳиши рублу евро ва ҷаҳиши доллар: Бонки милӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

58
(Таҷдидшуда 00:34 23.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рублу евро дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар боз гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1354 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1390 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3278 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1300 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1395 то 0,1415 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 135 то 143 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1350 то 0,1440 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

58
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ