Бинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури хориҷаи ҶТ: $100 миллион ҳаҷми хисороти офати табиӣ

15
(Таҷдидшуда 15:32 21.07.2015)
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи ҳамкории ҳукумати кишвар бо созмонҳои хориҷӣ ва намояндагониҳои дипломатӣ, умедвор аст, ки ин бор ҳам онҳо барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ кумак мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Хисороти офати табиии рӯзҳои охир наздик ба 100 миллион доллари амрикоӣ баровард шудааст, менависад сомонаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Оқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015
Предоставлено Акмалом Ватаншоевым

"Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар ба бахши обёрӣ, интиқоли неруи барқ, роҳҳо ва бахши иҷтимоӣ харобии зиёд расид, ки ин ин хисорот наздик ба $100 миллион баровард карда мешавад. Мутаассифона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай дошт", — омадааст дар хабари сомона.

Ҳолати аз меёър бештар шудани оби рудхонаҳо дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Исфара ва Исфана мушоҳида шудааст. Дар натиҷаи зиёд гардидани оби дарёҳо ва омадани сел сокинони навоҳии Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Дарвоз ва Рушони вилояти Бадахшон, чанд навоҳии вилояти Хатлон, дар вилояти Суғд навоҳии Айниву Исфара ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ зиён диданд.

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вазорати хориҷа изҳори умедворӣ кардааст, ки созмонҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ ин бор ҳам барои бартараф кардани авоқиби офати табиӣ кумаки худро дареғ намедоранд.

15
Барчаспҳо:
дархост, кумак, 100 миллион доллар, ҳаҷм, хисорот, офати табиӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)