ҲХДТ собиқ директорро муовини сардабири нашрия таъин кард

© Sputnik / Амир ИсаевНашрияҳои тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ
Нашрияҳои тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ гуфт”, ки бо қарори Раёсати ҲХДТ оқои Шамолов ба ин симмат таъин гардида, рӯзи гузашта муаррифии ӯ дар идораи нашрия баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов муовини сармуҳаррири нашрияи ҳизбии ҲХДТ — "Минбари халқ" таъин шудааст, иттилоъ медиҳад ОИ TojNews бо истинод ба Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири ин ҳафтанома.

"Бо қарори Раёсати ҲХДТ Абдулвоҳид Шамолов ба ин вазифа таъин шуда, рӯзи гузашта муаррифии ӯ дар идораи нашрия баргузор шуд",- афзудааст Ҳамдамов.

Оқои Шамолов то се моҳи пеш дар вазифаи  директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи  Баҳоваддинови АИ ҶТ кор мекард.

Ӯ 57 сол дошта, то ин вақт дар симматҳои гуногуни раҳбарӣ ва илмӣ кор кардааст,  дар замони донишҷӯияш дар охирҳои даҳаи 70-и асри гузашта дар вазифаи тарҷумон дар Афғонистон кор мекард.

Ба иттилоъи манбаъ, Абдувоҳид Шамолов дар вазифаҳои сардори раёсат дар Кумитаи кор бо ҷавонон, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷират, баъдан аз соли 2004 то 2009 сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ буд. Соли 2009 директори Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ таъин мешавад. Соли 2011 баъд аз мутаҳид шудани Институти фалсафа бо Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ кор кардааст. Моҳи апрели соли 2015 аз ин вазифа барканор шуд.

Лентаи хабарҳо
0