Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи маҷмааи ҷаҳонгардии "Ванҷи боло" аз ҷониби Раҳмон

23
(Таҷдидшуда 15:20 08.09.2015)
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо сокинони Ванҷ ба мақомот дастур додааст, ки соҳилҳо мустаҳкам шаванд, то ки офати табиӣ дар ин минтақа хисороти зиёд наорад.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ расид, менависад сомонаи президент.

Раисҷумҳур дар ин деҳа лентаи рамзии сехи коркарди ангатро буридааст. Ин корхона бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори ноҳия бунёд шудааст.

Ҳамчунин президент ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд рафта, Маҷмааи туристию истеҳсолии "Ванҷи боло"-ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ кардааст. Раисҷумҳур дар он ҷо бо сокинони Ванҷ сӯҳбат кардааст.

"Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои 1992-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 200 миллион сомонӣ равона кардааст", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур ба Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг супориш додааст, ки барои сохтани мактаби нав дар маркази ноҳияи Ванҷ, бунёди қасри фарҳанг чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявӣ вазифадор шудаанд, ки барои аз офатҳои табиӣ ҳимоя кардани қитъаҳои осебпазири деҳоти ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкуниро амалӣ созанд.

Матни комили суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури фаъолони ноҳияи Ванҷ аз ин нишонӣ қобили дарёфт мебошад.

23
Барчаспҳо:
офат, соҳил, суҳбат, дастур, сафари президент ба Бадахшон, сокинон, дидор, Эмомалӣ Раҳмон, Ванҷ
Мавзуҳо:
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)