Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ

Барои сокинони Бадахшон маҳсулоти арзон мебаранд

9
(Таҷдидшуда 13:43 16.09.2015)
Бо ташаббуси чанде аз идороти давлатӣ, даҳҳо тона маҳсулоти ғизоӣ ба Бадахшон фиристода шуда, бо қимати то 30-50 дарсад арзонтар аз арзиши бозор ба фурӯш бароварда шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, идораи "Тоҷикматлубот" ва Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони Бадахшон равона шудааст, менависад АМИТ Ховар.

Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, 40 тонна картошка, 50 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ, 9 тонна карам, 2 тонна қаламфури булғорӣ, 30 тонна тарбуз, 20 тонна харбуза, 2 тонна биринҷ, 4,5 тонна орд, 2 тонна помидор, ҳамчунин чой, равған ва дигар маҳсулоти ғизоӣ бо қимати то 30-50 фоиз нисбат ба бозор арзон, ба сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Рошқалъа, Ишкошим ва Мурғоб пешкаш шудааст.

Дар пайи болоравии сатҳи оби рудхонаҳо ва фаромадани сел дар даҳҳаи дувум ва севуми моҳи июл дар ноҳияи Ванҷ 6 нафар ва дар деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт 1 нафар кушта шуд. Обхезиҳо даҳҳо манзили зисти сокинонро дар навоҳии Бадахшон ва ноҳияи Рашт тахриб карда, тибқи ҳисобҳои қаблӣ, дар маҷмӯъ 100 миллион доллар хисорот овардааст.

9
Барчаспҳо:
арзон, маҳсулоти ғизоӣ, кумак, "Тоҷикматлубот", Вазорати кишоварзӣ, Бадахшон, Душанбе
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Замерзшие яблоки, архивное фото

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

115
(Таҷдидшуда 20:52 25.02.2021)
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

акс аз саҳифаи корбари Facebook Ҳаётҷон Одил

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

115
Барчаспҳо:
зироат, сармо, дарахтон, ҳосил, Тоҷикистон
Эйфелева башня в Париже.

Ваъдаи сафири Фаронса: 3- 4 моҳ пас ҳатман бо забони тоҷикӣ суҳбат хоҳам кард

43
(Таҷдидшуда 21:07 25.02.2021)
Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран, ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.  Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран ахиран дар меҳмонхонаи “Серена” бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард.

Мишел Тарран моҳи октябри соли гузашта, пас ба анҷом расидани муҳлати сафирии хонум Ясмин Гуэдар, ба ҳайси сафир ба Душанбе омада буд.

Тибқи иттилои сомонаи “Фараж” Мишел Тарран, донандаи хуби забони русӣ, аст. Ӯ зимни нишаст худро бо забони тоҷикӣ муаррифӣ намуд, аммо эътироф кардааст, ки тоҷикиро намедонад.з

Мишел Тарран  ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард.

Сафири нави Фаронса гуфт, то таъйин гардиданаш ба симмати сафир дар Тоҷикистон тӯли чор сол дар вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳамчун масъули бахши муносибат ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият доштааст.

Вай афзудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Фаронса қаноатманд нестанд.

“Ин нуқта зимни суҳбати рӯ ба рӯ, моҳи ноябри соли 2019, миёни президентҳои Тоҷикистону Фаронса матраҳ гардида буд. Тарафҳо аз вохӯрӣ изҳори хушҳолӣ карданд ва президенти Фаронса Эмануэл Макрон пешниҳод кард, барои тавсеа ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҳарду давлат бояд харитаи роҳ таҳия карда шавад, аммо мутаассифона, вазъи ҳамагирии бемории коронавирус нақшаҳоро ба таъхир гузошт”, -* гуфт сафир.

Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳоло вазъият беҳтар гардид ва гуфта метавон, ки кор дар ин самт оғоз ёфтааст.

“Фикр мекунам, ба наздикӣ масъалаи таҳияи харитаи роҳ барои рушди муносибатҳои иқтисодии давлатҳо баррасӣ карда мешавад”,-гуфт сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран.

Сафир ҳамчунин гуфт, ӯ сафири шашуми Фаронса дар Тоҷикистон аст ва соли оянда аз муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Фаронса 30 сол пур мешавад.

“Шукри Худо, тӯли ин муддат муносибатҳои хеле хубу дӯстона ба роҳ монда шуд”, — гуфт сафир.

Мишел Тарран, ҳамчунин, дар бораи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса суҳбат карда, масъалаи ҳамкориҳоро барои рушди сайёҳии ҳарду давлат дар мадди аввал гузошт.

“Бояд шаҳрвандони Фаронса ба Тоҷикистон биёянд, аз зебоиҳои  табиати биҳиштосояш ҳаловат баранд ва баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар бораи мавзеъҳои таърихии Фаронса бояд таассуроти бештар дошта бошанд”, афзуд Мишел Тарран.

43
Барчаспҳо:
ваъда, забон, Фаронса, сафир, Тоҷикистон