Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Кормандони “Интерпол”-и Эрон бо ҳамтоёни тоҷикашон вохӯрданд

7
(Таҷдидшуда 15:02 05.08.2015)
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз утоқҳои кории кормандони «Интерпол»-и Тоҷикистон дидан намуда, бо шароити кории маъмурини ин ниҳод аз наздик ошно шуданд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Рӯзи 5 август намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Бюрои марказии миллии  «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ҳамчунин, меҳмонон баъди боздид бо роҳбариБММ «Интерпол» —и Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти хадамотҳои «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ карданд.

"Дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои ҷинояткорона ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба миёни хадамотҳои дахлдори ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ карданд",- менависад сарчашмаи хабар.

Дар анҷоми мулоқот ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз  утоқҳои  кории кормандони БММ «Интерпол»-и Тоҷикистон дидан намуда, бо шароити кории кормандони ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуданд.

7
Барчаспҳо:
масоили марбут ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ баррасӣ гардид, мулоқоти кормандони "Интерпол"-и Эрон дар Душанбе, ВКД ҶТ, "Интерпол", БММ Интерпол, Эрон, Тоҷикистон, Душанбе