Харобаҳои шаҳри қадимаи Палмира. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ҷангиёни ДИ дар Палмира сари бостоншиносро аз тан ҷудо карданд

6
Холид Асъади 82-сола, ки тайи 50 соли ахир масъулияти сарпарастии осорхонаи шаҳри Палмираро ба дӯш дошт, аз ҷониби ҷангиён ба қатл расид.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз ҷангиёни мусаллаҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) сари Холид Асъад, бостоншинос ва сарпарасти осорхонаи шаҳри Палмираи Сурияро бурида, ҷасадашро дар майдони марказии шаҳр овезон кардаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Рейтер.

Ба иттилоъи манбаъ, Холид Асъад муддати бештар аз 50 сол сарпарастии осорхонаи шаҳри Палмираро ба зимма дошт. Рӯзе қабл хонаводаи ӯ ба созмони бостоншиносии Сурия хабари сар бурида шудани ӯро расондааст. Гуфта мешавад, ки ӯ моҳе қабл аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ боздошт ва таҳти бозпурсӣ қарор дошт.

"Холид Асъадро дар Сурия на чун як роҳбари осорхонаи бостоншиносӣ мешиносанд, балки пажуҳишгаре медонанд, ки бо мақолаҳои зиёди таҳқиқотиаш аз таърихи Палмира шӯҳрат ёфта буд. Акнун тасаввур кунед, ки ҷангиёни ДИ чӣ амали ваҳшиёнаеро анҷом доданд",- гуфтааст сарвари хадамоти бостоншиносии Сурия Маъмун Абдулкарим.

Палмира аз қадимтарин шаҳрҳои Сурия буда, боқимондаҳои тамаддуни қарни дуввуми қабл аз милоди Ховари Миёна ва Рум дар ин шаҳр ёфт ва нигаҳдорӣ мешуданд. Дар замони равнақи "Роҳи бузурги абрешим" Палмира яке аз шаҳрҳои обод ва маркази тиҷорат ба ҳисоб мерафт. Дар гузашта ин шаҳрро мантақаи транзитӣ низ ном мебурданд.

Моҳи июни гузашта ин шаҳр комил ба дасти неруҳои "Давлати исломӣ" гузашт ва гурӯҳи тахрибкори он шаҳри қадимаро бо бузургтарин осорхонаҳояш валангор намуд.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид ба амнияти ҷаҳон талаққӣ мешавад. Тайи се соли ахир ҷангиёни "ДИ" аз нисф бештари қаламрави Ироқ ва Сурияро зери назорат гирифта, хатари паҳншавии он ба кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Либиё истисно намебошад.

6
Мавзуъ
КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем
Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

108
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

108
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Роспотребнадзор гуфт, кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи COVID-19 идома медиҳад

16
Мутахассисони Роспотребнадзор натиҷаҳои талошҳои муштаракро дар мубориза бар зидди коронавирус дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон зикр карда гуфтаанд, шиддати афзоиши беморӣ коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Мутахассисони Роспотребнадзор маслиҳатдиҳии онлайниро ба ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон идома дода, умедвори ба эътидол овардани вазъ дар ин кишварҳо ҳастанд, гуфт роҳбари ин ниҳод Анна Попова.

"Ҳамкасбон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргаштанд ва мо машваратҳо дар самти онлайнро барои расонидани кӯмак идома медиҳем. Имрӯз натиҷаҳои кӯшишҳои муштарак дар ин кишварҳо аллакай аёнанд: суръати афзоиш коҳиш меёбад, динамика беҳтар шуда истодааст”,-гуфтааст, роҳбари Роспотребнадзор дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии назди ҳукумати Федератсияи Россия оид ба мубориза бо коронавирус.

Ӯ гуфтааст, ба дастовардҳои муштараки мусбати натиҷаҳо барои ба эътидол овардани вазъ берун аз қаламрави Федератсияи Русия, умедвора аст.

Вай қайд кардааст, ки Роспотребнадзор мувофиқи дастурҳои президенти Федератсияи Русия ва роҳбари ҳукумат корашро дар самти расонидани кӯмак дар мубориза бар зидди COVID-19 ба ҳамкорон аз кишварҳои пасошӯравӣ ва хориҷи дур идома медиҳад.

Раҳбари Роспотребнадзор  ҳамчунин гуфтааст, кормандонаш ҳамзамон дар Гвинея ва Ветнам барои мубориза бо коронавирус кори худро идома медиҳанд.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Вай шарҳ дод, ки дар Гвинея таҳқиқоти теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла роҳбарияти кишвар, дар заминаи лабораторияи Роспотребнадзор дар шаҳри Киндия гузаронида мешавад.

Номбурда гуфтааст, ҳамзамон гурӯҳи корӣ дар Бейрут ва Абхозистон фаъолият доранд.

16