Қисми низомии 3502-и ВКД бо об таъмин гардид

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкҚатъи мавсимии оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ
Қатъи мавсимии оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан, иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хидматӣ як қатор сарбозони қисми низомии 3502 бо “Раҳматнома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 19 август вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, дар маросими кушодани лӯлаи об иштирок намуд, омадааст дар хабари сомонаи ин ниҳод.

Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон: 40% аҳолии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба об доранд

"Лӯлаи об аз дарёчаи Харангон дар масофаи 9 километр кашида шуда, қисми низомиро пурра бо оби нӯшокӣ таъмин месозад",- меафзояд манбаъ.

Зимнан, вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии қисми низомии 3502 вохӯрӣ анҷом дода, бо рӯзгори сарбозону афсарон шинос шуд.Рамазон Раҳимзода аз натиҷаи кори хоҷагидории қисми низомӣ, ки баъди кашидани хати оби ошомиданӣ дар як муддати кӯтоҳ хеле дигар шудааст, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи қисми низомии 3502 ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Дар фарҷом, бо фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан, иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хидматӣ як қатор сарбозони қисми низомии 3502 бо "Раҳматнома" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0