Фурӯши ҳиҷоб дар мағоза. Акс аз бойгонӣ

Дастури раиси шаҳри Душанбе ба масъулини мақомоти пойтахт

13
(Таҷдидшуда 14:46 20.08.2015)
Зимни як ҷаласаи васеъ дар Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш додааст, ки аз тамоми марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона барчида шаванд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе супориш додааст, ки аз воридшавии "либосҳои бегона" дар марказҳои савдову тиҷорат ва бозорҳо пешгирӣ карда шавад, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси пойтахт.

Убайдуллоев 19-уми август дар як ҷаласаи васеъ бо ширкати вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Убайдуллоев аз "бетарафии баъзе аз афроду шахсони масъул оид ба зиёд шудани таблиғи фарҳанги бегонаву хатарзо дар шаҳр" интиқод карда, ба сохторҳои шаҳрӣ дастур додааст, ки "дар тамоми марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро ба таври бебозгашт пешгирӣ намоянд".

Занон дар кӯчаҳои Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
© Sputnik / Сергей Гунеев

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли сокинони пойтахт даъват кардааст, ки ба тамоюлҳои номатлуби ҷаҳонишавии ҳаракатҳои ифротгароии динӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ бетаваҷҷуҳ набошанд ва баҳри халалдор нагардидани ҳамзистӣ ва суботи ҷомеа тамоми нерӯ ва матонати ватанхоҳонаро бо бедории амиқи сиёсӣ сафарбар созанд.

Қаблан, низ Маҳмадсаид Убайдуллоев ворид кардани либосҳои бегона ба шаҳри Душанберо манъ карда, ҳатто супориш шуда буд, ки аз нуқтаҳои фурӯш барчида шаванд.

Аз ҷумла ӯ 20-уми апрел дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе супориш дода буд, ки барои "риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ  дар шаҳр ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд".

13
Барчаспҳо:
либоси бегона, барчидан, супориш, ҷаласа, пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе