Бинои ширкати Барқи тоҷик

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” иваз шуд

40
(Таҷдидшуда 10:58 27.08.2015)
Рустам Раҳматзода, ки аз моҳи июли соли 2014 то кунун раисии “Барқи тоҷик”-ро бар душ дошт, 26 август аз ин мақом сабукдуш шуд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон 26 август раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Рустам Раҳматзода аз мақомаш сабукдӯш шуда, ба мақоми муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардид, менависад сомонаи президент.

Ба ҷои ӯ дар мақоми раиси "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоиловро таъин кардаанд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои дигари раисҷумҳур ва қарорҳои Ҳукумати кишвар як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Алиҷон Ғуломов аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод шудааст.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид. Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд. Зокир Нозирӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод шудааст.

40
Барчаспҳо:
ҳукумат, раис, тағйироти кадрӣ, Барқи тоҷик, Мирзо Исмоилов, Рустам Раҳматзода, Душанбе
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017

Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд

84
(Таҷдидшуда 12:47 14.08.2020)
Дар як сардхона ё амбори нигаҳдории маҳсулот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ошкор карда шудааст, ки бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкори сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд.

"Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхона дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Б. Ғафуров, нигаҳдорӣ шудани 27 тон гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оиди сифатнокиии маҳсулот маълумот гирад дарёфт карда шудааст", - гуфт Шарифӣ.

Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба мақомоти давлатии назораткунанда Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия метрология сертификатсия ва нозироти савдо ва ба Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст, ки дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.

Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

Чанде қабл телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Пӯлотов Азизҷон Ҳасанҷоничи 19 - сола ва Тоҷибоев Абдухолиқ Абдуғаффоровичи 33 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни аз сӯи кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тон гӯшти кирмкардашудаи чорво машғул шудаанд.

84
Барчаспҳо:
пастсифат, гӯшт, мусодира, Суғд

Мӯъминободу Обигармро заминларзаи 5 - балла такон дод

57
Дар наздикии навоҳии Мӯъминобод ва Обигарм заминларзаи 5 - балла рух дода буд, ки дар пай талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бегоҳи рӯзи 13 - уми август, тахминан соати 18:07 дақиқа  дар Тоҷикистон заминҷунбии 5 - балла рух дод, хабар медиҳад Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин дар 102 километрии дуртар аз шаҳри Душанбе эҳсос мешуд.

Гуфта мешавад, макони заминҷунбӣ 43 километр аз Мӯъминобод ва 33 километр аз Обигарм ҷойгир буд.

Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

Феълан, маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ рӯи даст нест.

Ёдовар мешавем, заминҷунбии қаблӣ бо шиддати 4,9 балл 5 август дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон рух дода буд.

57