Самолет Як-52 в ДОСААФ в Душанбе. Архивное фото

Таҷлил аз 91-ум солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон

19
(Таҷдидшуда 14:53 03.09.2015)
Соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 “Мария” дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аз таъсисёбии авиатсияи граждании Тоҷикистон  3 сентябр 91 сол пур шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Бори нахуст 3 сентябри соли 1924 ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намудаст.

Бино ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байнамлилалии Душанбе ин фурудгоҳ, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800 метра ва як замини бо қамиш пӯшида дошт, ҳоло ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, системаҳои назорати парвозу нишаст ва толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расидааст.

Шодиев гуфтааст, фурудгоҳи Душанбе ҳамакнун метавонад тамоми навъи ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 "Мария" дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.

Феълан фурудгоҳи Душанбе дар минтақа аз лиҳози муҷаҳҳазоти техникӣ дар мақоми аввал қарор дорад, афзудааст Шодиев. Парки техникии фурудгоҳ 75 фоиз нав карда шуд. Системаҳои назоратӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар шакли нав ба роҳ монда шуда, ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои замонавии "Боинг" —ҳо гузаштанд.

Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе гуфтааст, ба ифтихори иди касбии кормандони авиатсияи гражданӣ 3 сентябр дар Душанбе бо иштироки масъулину роҳбарияти вазорати нақлиёт, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд, "Тоҷикаэронавигатсия", агентии алоқаҳои ҳавоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Эйшн Экспресс", "Ширкати таъминоти ғизо дар ҳавопаймо" маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин кормандону мутахассисони фаъоли бахши ҳавонавардии кишвар бо мукофот, ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

19
Барчаспҳо:
авиатсияи гражданӣ, 91 солагӣ, ҷашн, таҷлил, фурудгоҳи байналмилалӣ, Муҳаммадюсуфи Шодӣ, Душанбе