Кампир ба Ҳаҷ нарафт ва 105 ҳазор сомониро барои бунёди пул сарф кард

© Сайт администрации Согдийской областиНорбибӣ Дӯстмуродова ва Абдураҳмон Қодирӣ аснои ифтитоҳи пул
Норбибӣ Дӯстмуродова ва Абдураҳмон Қодирӣ аснои ифтитоҳи пул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду пул дар ҳузури мардум бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Норбибӣ Дӯстмуродова, ки 16 сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард, пулҳои пасандозашро барои сохтани ду пули мошингузар дар зодгоҳаш сарф кардааст, менависад сомонаи ҳукумати вилояти Суғд.

"Пулҳое, ки бо маблағи Норбибӣ Дӯстмуродова сохта шудаанд, 1-уми сентябр бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуд. Ин ду пули мошингузар деҳаҳои Метку Хишекати ноҳияи Ғончиро ба ҳам мепайвандад",- омадааст дар хабари нашршуда.

Манбаъ меафзояд, Норбибӣ Дӯстмуродова, чун зани қавииродаву баландҳиммат дар минтақа ном бароварда, айни ҳол нафақахӯр мебошад ва давлати пирӣ меронад.

Хаҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷ-2015: 186 нафар аз Хуҷанд аввали сентябр ба Ҷидда парвоз мекунанд

Гуфта мешавад, Норбибӣ Дӯстмуродова аз ҳисоби маблағҳои нафақа ва кори деҳқониаш, ки дар давоми 16 сол 105 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст, ният доштааст, ки ба зиёрати Хонаи Худо ба Каъба сафар кунад. Аммо ӯ бунёди кӯпруку ободонии роҳ ва осон намудани мушкили чандинсолаи сокинони ин деҳаҳоро авлотар дониста, 105 ҳазор сомонии ба ин ният ҷамънамудаашро барои хурсандии халқу ободии Ватан нисор кардааст.

Чанд рӯз қабл ду пул дар ҳузури мардум бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0