Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон дар соли 1992

Акбаршо Искандаров. Президенте, ки ҳамагӣ 3 моҳ курсии №1 аз вай буд

217
(Таҷдидшуда 22:05 12.10.2015)
Аз истеъфои Раҳмон Набиев, собиқ раисҷумҳури Тоҷикитсон 23 сол пур мешавад. 7-сентябри соли 1992 дар Фурудгоҳи Душанбе Набиев маҷбур шуд таҳти фишор аризаи истеъфояшро имзо кунад.

Тибқи қавонони он замон раиси Шӯрои Олӣ дар сурати истеъфои президент иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур таъйин мешуд. Бар тибқи ҳамин талабот, Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 муваққатан бар курсии президентӣ нишаст.

Вай ду роҳ дошт, ки курсиашро ҳифз кунад ва умри ҳукуматашро тӯлонӣ гардонад. Аммо ба ҳеч кадоме аз ин роҳҳо пой нагузошт.

Дар мусоҳибаи вижаи Sputnik Акбаршо Искандаров дар бораи давраи раисҷумҳуриаш ва асрори дигари рӯзҳои соли 1992 қисса мекунад.

Ин мусоҳиба рӯзҳои наздик дар саҳифаи Sputnik ба нашр хоҳад расид.

217
Барчаспҳо:
мусоҳиба, анонс, президент, Акбаршо Искандаров, Душанбе