Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба иди саиди Фитр табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон: шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

20
(Таҷдидшуда 09:06 07.09.2015)
Ҳодисаи нохушу нангине низ, ки субҳи чоруми сентябр дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сар зада, боиси ҳалокати 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташвишу нигаронии мардуми кишварамон гардид, кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша мебошад, афзуд раисҷумҳур.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Субҳи рӯзи якшанбе президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард, менависад сомонаи расмии сарвари давлат.

Раисиҷумҳур дар ҳоле ки аз сокинони Ваҳдат барои кумакашон дар боздошти баъзе аз ҳамлагарон изҳори сипос мекард, гуфт, амалиёти боздошти боқимондаҳо рӯзҳои наздик анҷом мешавад.

"Ҳодисаи нохушу нангине низ, ки субҳи чоруми сентябр дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сар зада, боиси ҳалокати 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташвишу нигаронии мардуми кишварамон гардид, кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша мебошад",- афзуд аснои суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолони шаҳри Ваҳдат.

Президент гуфт, амалиёти боздошти ҳамлагарони рӯзи чаҳоруми  сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат рӯзҳои наздик анҷом мешавад. Ба қавли ӯ, давоми ду рӯз сокинони Ваҳдат нуҳ тан аз ҳамроҳони Абдуҳалим Назарзодаро, ки дар ҳамлаи чоруми сентябр муттаҳам мешавад, боздошт ва ба мақомот таслим намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябр болои ШКД-и шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар пойтахтро "кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша" номид ва гуфт, "қатъиян таъкид месозам, ки шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Вай дар идомаи суҳбаташ ба аҳли оилаи 9 корманди пулис ва дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд, ҳамдардӣ баён кард.

"Инчунин, ба сокинони шаҳри Ваҳдат, ки барои дастгир кардани ҷинояткорон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва амният кумак расонданд, барои чунин амали хайрхоҳона ва ватандӯстонаашон миннатдорӣ баён менамоям",- изҳор дошт ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин суҳбаташ аз иштироки 46 сокини шаҳри Ваҳдат дар саффи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва то ин дам кушта шудани 15 нафари онҳо ёдоварӣ карда, бори дигар сокинонро ба ҳушёриву зиракӣ даъват кард. Вай гуфт, албатта, дар ҳаёти мо камбудиву норасоиҳо ҳоло ҳам зиёданд ва ба хотири бартараф кардани онҳо бояд бисёр заҳмат кашем.

Маврид ба тазаккур аст, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи 6 сентябр, баъди ду рӯзи ҳамлаҳои масаллаҳона ба дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Ваҳдат, ки бар асоси иттилои расмӣ аз ду тараф беш аз 20 кушта бар ҷой гузошт, бо сафари корӣ ба Ваҳдат рафт.  

20
Барчаспҳо:
сафари президент ба Ваҳдат, исёни генерал, ҳалокати беш аз 20 тан, ҳамла, президенти Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Эмомалӣ Раҳмон, Ваҳдат, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
Мавзуъ
Сокини Ваҳдат: садои тирпарронӣ ва таркишро шунидем
ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар