Ҷаласаи Шӯрои амнияти СПАД (23 сентябр соли 2013)

Ҷаласаи СПАД: баррасии беш аз 10 масъала дар назар аст

23
(Таҷдидшуда 08:55 14.09.2015)
Шӯрои муштараки амниятии СПАД дар ҷаласаи навбатиаш ҷамъбасти санҷиши ногаҳонии омодагии низомии Неруҳои вокуниши сареъ (КСОР) ва дигар мавзӯъҳоро ба баррасӣ мегирад.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки қарор аст фардо, 15 сентябр дар Душанбе баргузор гардад, баррасии беш аз 10 масъала ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад сухангӯи СПАД Владимир Зайнетдинов.

"Роҳбари давраиӣ Шӯрои амнияти СПАД дар соли 2014-2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ марҳилаи татбиқи тарҳҳоро дар Тоҷикистон хулоса карда, дар назди ҳозирин суханронӣ хоҳад кард. Ҷаласаи Шӯрои амният бо ҳузури маҳдуд ва дар шакли ҷаласаи умумӣ сурат мепазирад",- иброз дошт ӯ.

Шӯрои муштараки амниятии СПАД дар ҷаласаи навбатиаш беш аз 10 масъала, аз ҷумла ҷамъбасти санҷиши ногаҳонии омодагии низомии Неруҳои вокуниши сареъ (КСОР) ва дигар мавзӯъҳоро ба баррасӣ мегирад.

Хатарҳои сиёсиву низомӣ, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ мавзӯи меҳварии нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ- ташкилоти низомиву сиёсӣ буда, бар асоси  Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он  Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар — -Ӯзбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.

23
Барчаспҳо:
фардо дар Душанбе сурат мепазирад, баррасии беш аз 10 масъала, ҷаласаи Шӯрои амнияти СПАД, неруҳои вокуниши сареъ, КСОР, СПАД, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Мавзуъ
Антонов: бо кӯмак ба Тоҷикистон мо кишварҳои СПАД-ро ҳимоят мекунем
Сомони и доллары, архивное фото

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 774 миллион долларро ташкил кардааст

1
Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 0,8% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон барои соли 2020 1 миллиарду 744 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 34,1 миллион ё 0,8% зиёдтар аст.

Содироти молҳо дар соли 2020 бо афзоиши 19,8% 1406,9 миллиард доллар, воридот - 3150,9 миллиард долларро ташкил дода, 5,9% коҳиш ёфтааст.

Маводи асосии содирот металлҳои қиматбаҳо, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд. Воридотро маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона, маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ медиҳанд.

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? – омори расмӣ

Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид, гардиши савдо 21,4% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Қазоқистон дар савдо дар ҷои дуввум аст - 20%. Зиёда аз 15% - Швейтсария, Чин - 10,4%.

Соли гузашта, дар соли 2019, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 4,5 миллиард доллар буд.

1
Работа АЗС в Москве

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10 % гарон шуд

183
(Таҷдидшуда 11:02 18.01.2021)
Тайи ду рӯзи охир қиммати ҳама намуд маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт якбора то 10 % боло рафта, ба 4, 3 ва 4, 6 сомонӣ баробар шудааст

 ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Нархи гази моеъ ва бензину дизел (солярка) якбора ба 4, 3 ва 6, 6 сомонӣ дакка хурдааст. Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0, 30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0, 40 сомонӣ баланд шудааст.

Ронандаҳо мегуянд болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Ҳасан Каримов, як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд мегуяд, болоравии нарх ба фаъолияти мусофирбарии ӯ барин сокинон таъсири амиқ мегузорад.

“Ҳоло газ то дар баъзе ҷойҳо 40 дирам гарон шудааст. Агар як ҳафта пеш 10 литр гази моеъро 40 сомонӣ мехридем, ҳоло он 43-44 сомонӣ шудааст. Мо нархро бардорем мардум ба мошин намешинад, набардорем фоида намемонад”, гуфт ронандаи таксӣ.

Зимнан сокинон мегуянд, арзиши маводи сӯзишворӣ қариб дар ҳамаи навоҳии кишвар яксон боло рафтааст. Чунин болоравии нарх дар муқоиса ба гузашта камсобиқа гуфта мешавад.

Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.

Мирзо, як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳафта ба ин тараф воридот камтар шудааст.

“Ҳамаи маводи сӯхт дар кишвар аз хориҷа ворид мешавад, яъне ин моли ватанӣ нест. Вақте, ки воридот кам шуд, ҳаҷми моли ба бозор арзашаванда ҳам кам мешавад ва ин ба баландшавии нарх бе таъсир намемонад”, иброз намуд ӯ.

Вазири энергетика гуфт, киҳо бештар аз ҳама барқу газро медузданд

Чи гуна воридоти маводи сӯхт кам шудааст, ин ҳамсӯҳбати мо изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки “инро роҳбарон медонанд, шояд аз ҳисоби болоравии нархи нефт аст”.

Бино ба додаҳои ширкатҳои молиявӣ, ҳоло қиммати 1 бучка (барелль) нафт дар бозори ҷаҳонӣ то ба 55 доллари амрикоӣ баробар шудааст ва гуфта мешавад ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта то 35 % баланд гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

183