Сарбозони КҲФ Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстонаро аз ҳавопаймо мефароранд

Кӯмаки Белорус ба Тоҷикистон- мошинҳои боркаши “МАЗ”

39
(Таҷдидшуда 13:48 16.09.2015)
Воридшавии кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон баъд аз офатҳои табиӣ дар шарқи кишвар ва манотиқи дигар, инчунин ВМКБ идома дорад. Белорус низ дар баробари дигар давлатҳо саҳми худро гузошт.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ба навоҳии аз офоти табиӣ хисоротдидаи Тоҷикистон ироаи кӯмакҳои башардӯстона идома дошта, дар наздиктарин фурсат корвони мошинҳо аз Белорус ба ҷумҳурӣ мерасанд, менависад сомонаи Сафорати он кишвар дар ҶТ.

"Бо маблағҳои аз ҷониби ҳукумати Белорус ҷудошуда шаш мошини боркаши тамғаи "МАЗ", ки иқтидорашон то 20 тонна аст, харидорӣ шудааст. Онҳо барои барқарорсозии манотиқи офатзада истифода хоҳанд шуд",- қайд мешавад дар иттилоъия.

Аммо дар мавриди дигар номгӯи кӯмакҳои башардӯстона иттилоъи дақиқ рӯи даст нест.

Маврид ба ёдоварист, дар пайи селу обхезиҳои шадид, ки авохири моҳи июл дар Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон ва манотиқи шарқии кишвар рух дод, ҳашт нафар ҷони худро аз даст дода панҷ тани дигар бенишон шудаанд, беш аз 1000 нафар бидуни маскан мондаанд ва дар маҷмӯъ теъдоди осебдидагон 7000 нафар унвон мешавад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ба иқтисоди кишвар хисорот дар ҳаҷми 100 миллион доллар  ворид шудааст. То имрӯз кишварҳои Қирғизистон, Русия, Чин ва Олмон ба Тоҷикистон кӯмак расонидаанд.  

 

39
Барчаспҳо:
кӯмаки башардӯстонаи Минск, селу обхезӣ дар Бадахшон, офати табиӣ, МАЗ, Сафорати Белорус дар ҶТ, Белорус, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

27
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

27
Муин Гафуров. Архивное фото

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

90
(Таҷдидшуда 09:41 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика Уолтер Замораро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Муҳорибаи ахири “Тоҷик”шоми гузашта  соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Даби Илоёти Мутаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Вазишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пай дар пайи ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

90
Вакцина против новой коронавирусной инфекции

Бразилия истифодаи фаврии ваксинаи Sputnik V -ро талаб кардааст

0
(Таҷдидшуда 10:37 16.01.2021)
Бразилия эълом дошт, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ ба истифодаи ваксини русии Sputnik V рӯй овардан зарур аст

Агентии миллии беҳдошти Бразилия аз як ширкати дорусозии маҳаллӣ Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи тасдиқи ваксинаи коронавируси Sputnik V барои истифодаи фавқулодда дархост гирифт.

Сухан дар бораи истифодаи 10 миллион вояи доруи Русия меравад, ки эҳтимолан дар семоҳаи аввали соли 2021 дастрас аст.

"Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар Anvisa дархости истифодаи муваққатии фавқулоддаи 10 миллион вояи ваксинаи Sputnik V-ро дар Бразилияро ба қайд гирифтанд",- гуфт хадамоти матбуотии ширкат.

Истеҳсолкунандаи дорусозӣ таъкид кард, ки авҷ гирифтани пандемияи коронавирус дар Бразилия ва дар саросари ҷаҳон аҳамияти истифодаи тамоми кӯшишҳоро барои мубориза бо он нишон медиҳад.

Корбурди чораҳои дорои хусусияти фавқулодда ва истисноӣ муҳим аст, ки мувофики гуфти Униао Квимика зарурати таъчилй пайдо шудааст.

"Спутник V" дар Африқо: чаро боварӣ ба ваксинаи сохти русӣ афзуд? - навор

Тибқи созишномаҳои байни RDIF ва União Quimica, соли 2021 Русия ба Бразилия 150 миллион воя ваксинаи Sputnik V медиҳад.

0