“Самалёти ҳавоӣ атаҷонма биёрӣ”. Суруди духтари фармондеҳи кушташуда

© SputnikПадари Рустам Амакиев акси фарзанди худро дар даст дорад
Падари Рустам Амакиев акси фарзанди худро дар даст дорад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Амакиев, фармондеҳи дастаи “Алфа”, ки дар даргириҳо бо гуруҳи ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шуд, ният дошт то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар ҳифзи ватан бошад. Ҳоло пайвандонаш бар ин боваранд, ки вай охирин ва ягона нияташро амалӣ кард: то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои ҳифз ва амниятӣ ватанаш мубориза бурд...

Дарвозаи манзили падарии полковник Рустам Амакиев дар маркази ноҳияи Восеъ васеъ кушода аст, дар дохили ҳавлӣ курсиҳо барои фотиҳахонан гузошта шудааст. Ҳавлии хоксорона иборат аз ҳуҷраҳои бешумори фарсуда рӯзҳои 16 ва 17-уми сентябр лабрези фотиҳахонон буд.

Дар яке аз ҳуҷраҳо падар ва ду амакии Рустам маҳзун, аммо ором нишастаанд. Падари Рустам — Холалӣ Амакиев дар бораи шунидани хабари марги фарзандаш нақл мекунад.

"Раиси ноҳия ба идорааш даъват кард, онҷо намояндагон аз мақомоти дигар, аз ҷумла КДАМ, дифоъ, ВКД ҳузур доштанд. Раис ба ман гуфт, "муаллим як гап ҳаст". Ман гуфтам, чӣ гап аст? Гуфт, "миёнатро мустаҳкам банд, фарзандат қаҳрамонона ҳалок шудааст", — бо сари хам ба нақлаш идома медиҳад Холалӣ Амакиев. 

Амаки Холалӣ мегӯяд, фарзандаш аз соли 1993 ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастааст. Вай дар бораи фарзандаш бо некӣ ёд мекунад.

"Қолину палоси хонаи ман аз қолину палоси хонаи Рустам қимматаранд. Рустам ҳаргиз пулпараст набуд. Бо маошаш зиндагӣ мекард. Дар забонаш ҳамеша номи ватан буд, ватанпараст буд. Телефонӣ тез-тез тамос мегирифт, суҳбат мекард, аммо дар ду-се моҳ моро як бор хабаргирӣ меомад, дигар дар кори давлат буд", — меафзояд падари Рустам.

Марги фарзанд сахт аст…

Марги фарзанд барои модари полковник бисёр зарбаи сахт задааст. Модари Рустам, ки вақтҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мебарад, бо шунидани марги фарзанд вазъи сиҳатиаш бадтар шудааст.

"Шабе, ки писарамро куштанд, мана ба беморхона бурданд. Гуфтанд, фишорат баланд шудаст, бояд дар беморхона хоб равӣ. Ҳарчанд гуфтам, худамро хуб ҳис мекунам, аммо намонданд. Баъди як рӯз ба хона оварданд, гуфтан, Рустам аз пояш тир хурдасту аз Душанбе ба Восеъ мебиёрандаш. Рустами ман аз пояш неву аз тамоми баданаш тир хӯрда будаст. Тамоми баданашро шикоф кардиян", — бо гиря нақл мекунад модари Рустам.

Ҳарчанд хешу табор мекушанд, ки модари полковникро ором кунанд, аммо вай ором намегирад, ба таври бетанафус гиря мекунад.

"Мара ҳамеша ачаҷон мегуфт. Бори охир 3 соат пеш аз ба Ромит рафтанаш — рӯзи 14 сентябр бо телефон суҳбат кардем. Гуфт, ачаҷон ангурора барои ман нигаҳ кнен, ман ба наздикӣ мебиём ангурхӯрӣ", — ҳамчунон бо гияр нақл мекунад модари Рустам.

Суҳроб, писари 16-солаи Рустам, ки хонандаи синфи 9-уми Летсийи президентии шаҳри Душанбе аст, марги падарашро ба сахтӣ қабул кардааст. Суҳроб мегӯяд, падараш бо ӯ хеле ғамхор буд ва ба таҳсилу таълимаш назорат мекард.

"Соли 2010 маро ҳамроҳаш ба сафари корӣ ба Рашт бурда буд. Ман як моҳ бо падарам якҷоя будам. Вақтҳои дигар кам ба хона меомад. Ҳамеша дар кор буд. Шаб меомад, субҳ мерафт. Ё дар як ҳафта як бор меомад, як рӯз меистод, фардояш мерафт", — ба хотир меорад падарашро Суҳроб.

Вақте Суҳроб дар бораи падараш нақл мекунад, кӯдакони дигар, ки миёнашон духтари 5 солаи Рустам Амакиев низ ҳаст, ба бозӣ машғуланд. Ин дам тайёрае аз болои ноҳияи Восеъ мегузарад. Чун одати кӯдакона онҳо ба дунболи ғурриши тайёра бо як садо месароянд: "самалиёти ҳавоӣ, атаҷонма биёрӣ…" духтари Рустам ҳам бо бақияи бачаҳо ҳамсадо мешавад. Гӯиё вай бовар надорад, ки падараш бе бозгашт рафтааст…

… Қабри Рустам дар фосилаи 8 километрии манзили падараш ҷойгир аст. Амаки Холалӣ мегӯяд, вақте хабари марги фарзандаш ба ӯ расид, вай пойфишорӣ кард, ки ҷасади Рустамро ба ноҳия оранд: хуни нофаш дар ҳамин ҷо рехтааст, бигзор манзили охираташ ҳам ҳаминҷо бошад.

© SputnikДухтари Рустам Амакиев,полковники кушташуда дар амалиёти вижаи дараи Ромит
Дочь Рустама Амакиева еще не осознала, что папу самолет больше не привезет - Sputnik Тоҷикистон
Духтари Рустам Амакиев,полковники кушташуда дар амалиёти вижаи дараи Ромит
Лентаи хабарҳо
0