Машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Пойгоҳи 201-ум “ҷанг”-ро дар доманакуҳҳои Тоҷикистон шуруъ кард

4
Дар се машқгоҳи низомии Тоҷикистон воқеъ дар доманакуҳҳо омӯзишҳои назоратӣ бо ҷалби техникаҳои ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия баргузор мешавад. Ин тамрини низомӣ то 25 сентябр идома хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия омӯзиши назоратии худро дар се тамрингоҳи ҳарбии Тоҷикистон — Сумбула, Лоҳур ва Мумирак оғоз карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Округи низомии маркази Вазорати дифои Русия.

"Дар ин тамрин сарбозон малакаи мудофиа, ҳамла, назорати оташи тӯпхона ва анҷоми ҳаракатҳои манёвриро хоҳанд омӯхт", — афзудааст манбаъ.

Омӯзиши назоратии сарбозони рус то 25 сентябр идома меёбад. 

Пойгоҳи 201, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбеи Тоҷикистон мустақар аст, калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар арзёбӣ шуда, беш аз 7 ҳазор нафарро фаро мегирад. Соли 2013 раҳбарони Тоҷикистону Русия зери созишномае имзо гузоштанд, ки муҳлати будубоши ин пойгоҳ дар хоки кишварро то соли 2042 тамдид кард.

4
Барчаспҳо:
доманакуҳҳо, машқҳои ҳарбӣ, пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, Тоҷикистон