Эмомалӣ Раҳмон зимни омодагӣ ба парвоз. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико меравад

5
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Таиланд рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оиди ҳамкорӣ дар соҳаи обро роҳбарӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳамоҳангсозии доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев гуфтааст, ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оиди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҳошияи Саммити СММ оид ба рушди устувор баргузор мешавад, навиштааст сомонаи бахши русии радиои СММ.

Зуев Тоҷикистонро аз кишварҳои пешқадам дар самти ҳамкориҳо дар соҳаи об арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки ин кишвар метавонад дар ҳалли мушкилоти соҳаи обу энержӣ саҳми бузург гузорад.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон Пан Ги Мун, дабири кулли СММ дар ҳошияи Конфронси натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар Душанбе раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Ню-Йорк даъват намуда буд.

Пан Ги Мун аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.

5
Барчаспҳо:
"Об барои ҳаёт", ҷаласа, иштирок, СММ, Эмомалӣ Раҳмон, Ню-Йорк, Амрико